13 марти соли 2023 дар Сафорати Тоҷикистон дар Исломобод брифинги муштараки намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон ва Нидерланд дар робита ба Конфронси СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” (Ню-Йорк, 22-24 марти 2023) баргузор гардид.
Зимни суханронӣ сафири Тоҷикистон Исматулло Насредин таъкид намуд, ки Конфронс чорабинии муҳими СММ буда, онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Нидерланд аълоҳазрат Виллем-Александр раисӣ хоҳанд кард.
Дар брифинг муовини аввали вазири захираҳои оби Покистон ҷаноби Ҳассан Насир Ҷами иштирок намуда ба ҳозирин мавқеи кишвари худро доир ба ин чорабинии муҳими байналмилалӣ изҳор намуд.
Брифинг бо иштироки намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, захираҳои об, корпуси дипломатӣ, сохторҳои СММ дар Исломобод, мутахассисону рузноманигорон ва шабакаҳои телевизионии Покистон сурат гирифт.