Иштироки сафир дар нишаст оид ба Конфронси оби СММ

17.03.2023 13:48

17.03.2023.13.50.jpg

16 марти соли 2023 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ дар нишасти матбуотӣ роҷеъ ба омодагӣ ба Конфронси оби қарибулвуқуъи СММ, ки дар пойтахти Подшоҳии Марокаш  - шаҳри Работ  баргузор шуд, ба таври маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар нишаст доир ба пешоҳангии Тоҷикистон дар баррасии мушкилоти об дар ҷаҳон, ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин соҳа ва “Раванди Душанбе” ном гирифтани рӯзномаи обии СММ муфассал иттилоъ дода шуд. Таъкид гардид, ки новобаста ба кишвари болооб ва дорои захираҳои азими обӣ будан, Тоҷикистон бо назардошти мушкилоти монанд ба обшавии босуръати пиряхҳо, селу обхезӣ, ярчу тарма ва таҷрибаву маҳорати ҳалли чунин душвориҳо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамкории густурдаи босамар ба роҳ мондааст.

Ҳамчунин зикр гардид, ки ҳайати воломақом ва бонуфузи Тоҷикистон дар Конфронси оби СММ, ки зери раёсати кишвари мо ва Подшоҳии Нидерланд ҷараён хоҳад дошт, чорабиниҳои сершумори каноравӣ, аз ҷумла вобаста ба ҷашни байналмилалии Наврӯз низ баргузор хоҳад намуд.

Нигористон

Тақвим