Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт 31 марти 1995 барқарор шуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба (17-19 апрели 1995, 23-25 июни 2013 ва15-17 майи 2016) аз Давлати Кувайт боздиди расмӣ ба амал оварданд. Зимни ин сафарҳо Роҳбари давлат бо Амири Давлати Кувайт Шайх Аҳмад ал-Ҳамад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ва дигар шахсони расмӣ мулоқотҳои судманд анҷом доданд.
17 октябри 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар нишасти сарони кишварҳои аъзои «Муколамаи ҳамкориҳои Осиё» ба Давлати Кувайт сафар намуданд.
Гурӯҳи дустии байнипарлумонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт дар соли 2014 таъсис дода шудааст. 19-22 декабри 2015 ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Кувайт сафари расмӣ анҷом дод. Дар ҷараёни ин сафар як силсила мулоқоту вохӯриҳои Раиси Маҷлиси намояндагон ва ҳайати ҳамроҳаш бо мақомоти баландпояи Давлати Кувайт доир гардид.
Давраи якуми ҷаласаҳои машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар дар санаи 7 апрели 2015 дар шаҳри Душанбе ва давраи дуюми он 2 - 4 апрели 2018 дар шаҳри ал-Кувайт баргузор гардид.
Заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайтро Созишномаҳои ҳамкорӣ, ки соли 1995 дар натиҷаи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт ба имзо расиданд, ташкил медиҳанд.
Моҳи июни соли 2018 Вазорати молияи Давлати Кувайт барои тармим ва таъмини таҷҳизоти лозимии мактаб-интернате, ки тобеи Вазорати корҳои хориҷӣ мебошад, маблағи 250 ҳазор доллари ИМА кӯмак намуд. 24-27 июли соли 2018 намояндагони ширкати “Маҷмӯаи аҳлӣ ва тиббии миллениум” - и Давлати Кувайт бо роҳбарии Муҳаммад Аҳмад Саид Абдуллоҳ ал-Асбаҳӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ ба шаҳри Душанбе сафар намуданд.
11-17 январи 2019 сафари ҳайати Фонди кувайтӣ оид ба рушди иқтисодиёти араб бо шумули донишҷӯён ҷиҳати боздид аз лоиҳаҳое, ки бо сармоягузории фонди мазкур татбиқ мегарданд ва ошноӣ бо маконҳову имкониятҳои сайёҳии кишвар ба Тоҷикистон сурат гирифт, ки дар ҳошияи он ҳайати мазкур аз лоиҳаи қитъаи дуюми обёрикунии мавзеи Олимтойи ноҳияи Данғара, роҳи Кӯлоб – Қалъаи Хумб, НБО-и Норак, қалъаҳои Ҳулбуку Ҳисор, минтақаи Сафеддара ва дигар мавзеъҳои сайёҳӣ дидан намуданд.
4-6 сентябри 2019 ҳайати кувайтӣ таҳти роҳбарии мушовири Девони Амири Кувайт, Раиси Муассисаи байналмилалии хайриявии исломӣ доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал-Маътуқ ба Тоҷикистон сафар карда, бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ва вазирони адлия ва тандурустии кишвар мулоқот намуд.
11 - 13 ноябри 2019 сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба Давлати Кувайт баргузор гардид, ки зимни он мулоқотҳои Сарвазир бо Валиаҳди Кувайт Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, Раиси Маҷлиси Умма (Парламент) Марзуқ ал-Ғоним, Сарвазири Кувайт Ҷобир Муборак ал-Аҳмад ас-Сабоҳ, Муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷӣ Сабоҳ Холид ал-Ҳамад ас-Сабоҳ ва бо ҳайати Фонди кувайтӣ оид ба рушди иқтисодиёти араб доир гардид.
Зимни сафари расмии Сарвазири Тоҷикистон ба Кувайт 10-13 ноябри 2019 дар Палатаи тиҷорат ва саноати он кишвар Форуми сармоягузорӣ зери унвони “Фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
16 июли 2021 дар Тошканд Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи Конфронси байналмилалии “Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: Ҳамбастагии минтақавӣ – чолишҳо ва имкониятҳо” бо Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Шайх Аҳмад Носир ал-Муҳаммад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ мулоқот намуд. Дар мулоқот ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Кувайт дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла мубориза аллайҳи терроризму ифротгароӣ, таҳкими амният, сулҳу субот дар минтақа ва вазъи кунунии Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамзамон ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати густариш додани робитаҳо дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории исломӣ изҳор намуданд.