Чорабинии муштараки Тоҷикистон “Баррасии мушкилоти ҷангиён ва оилаҳои аз минтақаҳои низоъ баргардонидашуда”

23.06.2023 17:18

21 июни 2023 соли дар қароргоҳи СММ дар ш. Ню-Йорк дар доираи Сеюмин ҳафтаи зиддитеррористии СММ чорабинии канории муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Ироқ, Шоҳигарии Нидерланд, ИМА ва Дафтари зиддитеррористии СММ таҳти унвони “Баррасии мушкилоти ҷангиён ва оилаҳои аз минтақаҳои низоъ баргардонидашуда” баргузор гардид.

Зимни чорабинии канорӣ мубоҳисаи ҳамаҷониба ва созанда роҷеъ ба мушкилот, густариши ҳамкорӣ ва ҷалби ҷонибҳои манфиатдор ба раванди баргардонидани шаҳрвандон аз минтақаҳои доғдор дар Ховари Миёна сурат гирифт.

Ҳайати кишвар дар ин чорабинӣ иштирок карда, оид ба таҷрибаи баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон, хосаттан занону кӯдакон аз минтақаҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия маълумоти муфассал доданд. Таъкид гардид, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз соли 2019 то ба имрӯз Тоҷикистон тақрибан 300 нафар аз шаҳрвандони худро аз кишварҳои Сурия ва Ироқ баргардонидааст.

Инчнунин ба ҳозирин дар бораи таҷрибаи Тоҷикистон дар мавриди кор бо баргардонидашудаҳо, офиятбахшӣ ва ба ҳаёти осоишта ворид сохтани онҳо маълумот дода шуд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan


Созмони Миллали Мутаҳид

Нигористон

Тақвим