ба фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «24» декабри соли 2025, №1105
Низомномаи
сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Сафорат) мақоми давлатӣ дар соҳаи робитаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ буда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давлати хориҷӣ, ки бо он робитаҳои дипломатӣ барқарор шудааст, намояндагӣ мекунад. Сафорат бо пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, фаъолияти он бо ҳамин тартиб қатъ карда мешавад. Сафорат ба низоми Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мебошад.
2. Сафорат фаъолияти худро мутобиќи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишњои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Вазорати корњои хориљии Љумњурии Тољикистон (минбаъд - Вазорат), Низомномаи мазкур, инчунин Конвенсияи Вена дар бораи робитаҳои дипломатӣ аз 18 апрели соли 1961, Конвенсияи Вена оид ба робитаҳои консулӣ аз 24 апрели соли 1963, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.
3. Сафорат татбиқи самти ягонаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибатњо бо давлати иқомат таъмин менамояд ва бо ин мақсад фаъолияти намояндагиҳои мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар давлати иқомат ќарор доранд, ҳамоҳанг ва назорат менамояд. Намояндагиҳои мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати иқомат ба Сафорат дар иҷрои вазифаҳои он мусоидат намуда, тибқи тартиби муқарраргардида Сафоратро оид ба фаъолияти худ хабардор месозанд.
4. Дар бинои Сафорат ва ҳудуди он Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта шуда, сипар бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо навиштаҷоти: «Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар (номи давлати хориҷӣ)» бо забони тоҷикӣ ва бо забони давлатї (забонҳои давлатӣ)-и давлати иқомат гузошта мешавад.
2. ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ САФОРАТ
5. Вазифаҳои асосии Сафорат:
- намояндагӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати иқомат;
- пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмин ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар давлати иқомат;
- иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорат, инчунин дархостҳои дигари мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тавассути Вазорат ба Сафорат пешниҳод гардидаанд;
- таъмини рушди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати иқомат, инчунин дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, молиявӣ, сармоягузорӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва соњањои дигари афзалиятноке, ки мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо мебошанд;
- мусоидат ба мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва доираҳои соҳибкорону намояндагони дигари бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати барқарор намудани робитаи кории онҳо бо мақомоти соҳавӣ ва љонибњои дигари манфиатдор дар давлати иқомат;
- ҷамъоварӣ, таҳлил ва пешниҳоди маълумот ба мақомоти дахлдори давлатӣ оид ба давлати иқомат, робитаҳои он бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати хориҷӣ ва дохилии он, мавқеи он дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ, инчунин омӯзиши имкониятњои сармоягузории давлати иқомат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти кишварњои дигар ва созмонҳои байналмилалї дар давлати иқомат ва минтақа;
- тасмимгирии саривақтӣ оид ба рўйдодҳои рӯзмарра;
- бо тартиби муқарраргардида ба Вазорат ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти фаъолияти сармоягузорӣ пешниҳод намудани маълумот оид ба рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо давлати иқомат, дар бораи ҳамкорӣ дар самти сармоягузорӣ бо давлати иқомат, инчунин оид ба дигар масъалаҳои муҳимми байналмилалӣ;
- иштирок дар раванди таҳияи лоиҳаи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати иқомат;
- дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, қонунгузории миллӣ ва қонунгузории давлати иқомат ҳифз намудани ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давлати иқомат қарор доранд;
- барќарор намудани тамосҳои мустақими корӣ бо мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, намояндагони соњањои соҳибкорӣ, илм, фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма дар давлати иқомат, инчунин бо корпуси дипломатӣ, ки дар давлати иқомат аккредитатсия шудааст;
- хизматрасониҳои консулӣ, роҳбарии умумии фаъолияти муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати иқомат, мусоидат намудан ба барқарор ва рушди робита ва тамос бо ҳамватанони дар он истиќоматкунанда;
- дар асоси маълумоти расмӣ ва бо мақсади тақвият додани симои мусбати Тоҷикистон, дар давлати иқомат паҳн намудани иттилооти расмӣ оид ба фазои сармоягузорӣ, ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин роҷеъ ба сиёсати дохилию хориҷӣ, ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои дигари муҳим дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар;
- мусоидат ва иштирок дар ташкил ва баргузории сафарҳои сатҳи баланд, инчунин ҳайатҳои расмию кории дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати иқомат;
- андешидани чораҳои зарурӣ оид ба ҳимояи молу мулки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати иқомат, инчунин таъмини нигоҳдорӣ ва истифодаи самараноки он;
- бо тартиби муқарраргардида андешидани тадбирҳои зарурӣ оид ба таъмини амнияти ҳайати кормандон ва аъзои оилаи онҳо, иттилоот, амнияти Сафорат, бойгонии он, инчунин ташкили фаъолияти муассисаҳои хориҷӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати иқомат дар шароити ҳолатҳои фавқулода;
- намояндагӣ ва ҳимояи манфиатҳои давлатҳои сеюм ва шаҳрвандони онҳо дар давлати иқомат дар асоси шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатњои сеюм;
- иҷрои вазифаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалӣ пешбинӣ намудаанд.
6. Сафорат тавассути Вазорат аз мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Љумњурии Тољикистон ҳуҷҷатҳо, маълумот ва маводди дигари заруриро барои ҳалли масъалаҳои мансуб ба ваколати Сафорат дархост менамояд, инчунин маълумотро ба мақомот, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои зикршуда пешнињод менамояд.
3. СОХТОР ВА ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ САФОРАТ
7. Ба Сафорат Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати хориҷӣ (минбаъд - Сафир), ки ба сифати намояндаи олии расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати иқомат таъин шудааст, роҳбарӣ менамояд.
8. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъин ва аз вазифа озод намудани Сафир таклиф пешниҳод менамояд.
9. Ба мансаби Сафир танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои тањсилоти олии касбӣ ва вазъи саломатии муносиб мебошад, таъин мегардад.
10. Сафир дорои масъулияти баланди шаҳрвандӣ буда, бо сухану кори худ обрӯи сиёсӣ ва маънавии Тоҷикистонро мустаҳкам мегардонад.
11. Сафир бояд бо рафтори намунавии худ тасдиќкунандаи симои поки дипломат буда, манфиатҳои давлатро аз ҳама авлотар донад, дар мавқеи худ истодагарӣ зоҳир намуда, хоксор, меҳрубон ва бо одамон ғамхор бошад. Ӯ бояд донандаи забонҳои хориҷӣ ва дорои дараҷаи баланди фарҳанг ва фазилат, тайёрии касбӣ, қобилияти бо назари танқид арзёбӣ намудани ҳаракатҳо ва кирдорҳои худ бошад.
12. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои асосии Сафир бо Низомномаи мазкур танзим мегарданд.
13. Сохтор, басти вазифавӣ ва сметаи хароҷоти нигоҳдории Сафорат бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешаванд.
14. Фаъолияти Сафорат дар асоси нақшаи кори солона, ки бо дарназардошти супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорат таҳия мегарданд, ба роҳ монда мешавад.
15. Сафорат ба Вазорат ҳисоботи сиёсӣ ва молиявии худро дар муҳлатҳои муқарраргардида пешниҳод менамояд. Ҳисоботҳои молиявии Сафорат тавассути Вазорат дар муҳлатҳои муқарраргардида ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд.
16. Масъалаҳои молиявӣ ва таъминоти молиявии фаъолияти Сафорат берун аз сметаи тасдиқгардида дар мувофиқа бо Вазорат ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
17. Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сафорат наметавонанд сохторҳо (намояндагиҳо)-и ҳизбҳои сиёсӣ, иттињодияњои динӣ, ташкилотњои ҷамъиятӣ, ба истиснои иттифоқи касаба ва шурои машваратии Сафорат, ки аз ҷониби Сафир роҳбарӣ карда мешаванд, таъсис дода шаванд.
18. Реҷаи кори Сафорат дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати иқомат муайян мегардад.
19. Таъини кормандон ба Сафорат, инчунин гузаронидан ба мансаби дигар ва иваз намудани онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
20. Сафорат, кормандони он ва аъзои оилаи онҳо мутобиқи ҳуқуқи байналмилалӣ дар давлати иқомат аз масуният ва имтиёзҳо бархўрдор мебошанд.
21. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои кормандони Сафорат бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии њуќуќии Вазорат ва дастурамалњои мансабӣ муайян мегарданд. Кормандони Сафорат уҳдадоранд фармоишҳо ва супоришҳои Сафир ва дар сурати набудани ӯ, иҷрокунандаи вазифаи Сафир (кордор)-ро иҷро намоянд.
22. Кормандони Сафорат ва аъзои оилаи онҳо уҳдадоранд қонунгузорӣ ва одатҳои давлати иқоматро риоя намоянд, аз ҳар гуна амалҳо, ки метавонанд ҳамчун дахолат ба корҳои дохилии он тафсир ёбанд, худдорӣ намоянд.
23. Ба ҳайати Сафорат метавонанд бо тартиби муқарраргардида намояндагони мақомоти давлатии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шаванд. Шартҳои фиристодан, таъин, фаъолият ва бозхондани намояндагони мақомоти давлатии дигар бо санадҳои алоҳида байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми давлатии дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд. Маблағгузории фаъолияти чунин намоянда аз ҳисоби маблағҳои мақоми давлатии дахлдор сурат мегирад.
24. Таъмини амнияти Сафорат, кормандони он ва аъзои оилаи онҳо, ташкили ҳимояи сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда, идоракунии воситаҳои молиявӣ, ташкили кори кормандон ва ҳамкории воњидњои Сафорат бевосита аз ҷониби Сафир ва ё корманди дипломатии сатҳи болоии таъиннамудаи ӯ сурат мегирад.
4. ВАЗИФАҲОИ САФИР
25. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати хориҷӣ намояндаи олии расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар як ё якчанд давлат аккредитатсия шудааст. Сафир Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давлати иқомат муаррифӣ менамояд, татбиқи самтҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, соҳибихтиёрӣ, амният, тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давлати иқомат бо воситањои дипломатї таъмин менамояд.
26. Сафир бевосита фаъолияти Сафоратро роҳбарӣ карда, сохтори онро мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян месозад, уҳдадориҳои мансабиро байни кормандони Сафорат тақсим менамояд.
27. Дар сурати мавҷуд набудани Сафир дар давлати иқомат, уњдадорињои ӯро иҷрокунандаи вазифаи Сафир (кордор), ки бо тартиби муқарраргардида аз ҳисоби кормандони дипломатии сатҳи болоии Сафорат таъин мегардад, анҷом медиҳад.
28. Сафир барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Сафорат мутобиқи Низомномаи мазкур вогузоршуда масъулияти шахсӣ дорад ва тибқи тартиби муқарраргардида дар назди Вазорат барои иҷрои дастурҳо ва супоришҳо ҳисобот медиҳад.
29. Сафир амалисозии самти ягонаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар робита бо давлати иқомат таъмин менамояд ва бо ин мақсад фаъолияти намояндагиҳои мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давлати иқомат ҳамоҳанг ва назорат менамояд. Роҳбарони намояндагиҳои мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати иқомат уҳдадоранд фаъолияти худро бо Сафир ҳамчун намояндаи олии расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давлати иқомат аккредитатсия шудааст, мувофиқа намоянд, ба Сафир дар иҷрои ваколатҳои ӯ мусоидат намоянд ва бо тартиби муқарраргардида Сафирро оид ба фаъолияти худ хабардор созанд.
30. Сафир дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорат барои иҷрои бечунучарои дастурҳои ба ӯ додашуда масъул аст. Сафир барои беғараз, далелнок, саҳеҳ ва мукаммал будани иттилооти ба Вазорат фиристодашаванда шахсан масъул аст. Њама гуна кӯшишҳои муболиға ва ё таҳриф намудани ҳолати воқеии вазъият, нишон додани ният ва хоҳиш ҳамчун воқеият, пинҳон доштани ҳақиқат ба хотири манфиатҳои шахсӣ ва ё идоравӣ манъ аст. Сафир бояд сари вақт ва воқеона дар бораи ҳама он чӣ, ки метавонад ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонад, ба Вазорат иттилоъ диҳад, кори муассисаҳои хориҷиро аз нуқтаи назари принсипиалӣ таҳлил ва арзёбӣ намояд. Иттилооти фиристодашаванда бояд аз рӯйи мазмун васеъ ва аз рӯйи шакл мухтасар бошад.
5. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ САФИР
31. Њуќуќњои Сафир:
- дар асоси ваколати Вазорат баён кардани мавқеъ ва ибрози назар роҷеъ ба масъалаҳои байналмилалӣ аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- анҷом додани гуфтушунидҳо ва бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорат имзо намудани шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати иқомат, инчунин иштирок дар конференсияҳои байналмилалӣ ва вохӯриҳо;
- бо тартиби муқарраргардида манзур намудани таклифу пешниҳодҳо ба баррасии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорат оид ба масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба бо давлати иқомат ва фаъолияти Сафорат;
- боздоштани иҷрои қарорҳо ва пешгирӣ кардани амалҳои намояндагони мақомоти давлатии дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати иқомат, дар њолате, ки агар қарорҳо ва амалҳо ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ набошанд. Оид ба тадбирҳои андешидашуда Сафир Вазоратро огоҳ месозад. Дар сурати ҳал нашудани мухолифатҳо, Сафир барои ҳаллу фасли онҳо ба Вазорат ва ё тавассути он ба Ҳукумати Љумњурии Тољикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш пешниҳод менамояд;
- манзур намудани пешниҳодҳои асоснок ва воқеъбинона ба Вазорат барои сарфароз гардонидани ҳайати кормандони Сафорат бо мукофотҳои давлатӣ, пешбарӣ ба рутба ва мансаби дипломатӣ, тамдиди муҳлати кор дар хориҷа ва татбиқи ҷазоњои интизомӣ;
32.Уњдадорињои Сафир:
- таҳлили ҳаматарафаи ҳолат ва тамоюли асосии иқтисодӣ ва илмӣ- техникии ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати иқомат, ҳолати иқтисодӣ ва мавқеи он оид ба масъалаҳои муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ, ҳаматарафа баланд бардоштани самаранокии робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва тиҷоратӣ ба хотири вусъат бахшидан ба пешравии иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ;
- таъмини фазои солими маънавию равонӣ ва фазои мусоиди корӣ ва ёрии ҳамдигарӣ дар коллективи Сафорат;
- ташкили ҳифзи сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда, андешидани тадбирҳо оид ба нигоҳ доштани сатҳи зарурии амнияти Сафорат, кормандони он ва аъзои оилаи онњо, бо тартиби муқарраргардида ташкил намудани фаъолияти муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати иқомат дар шароити ҳолатҳои фавқулода ва роҳбарии амалҳои онҳо. Тањти роњбарии Сафир дар сурати ба миён омадани ҳолатҳои фавқулода, дар назди Сафорат таъсис додани ситоди дахлдор оид ба ҳолатҳои фавқулода. Пешнињоди таклифњо дар њолати ба вуқўъ омадани вазъи фавқулода ва ҷой доштани хатар ба ҳаёт ва саломатии ҳайати кормандони Сафорат ва дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таъмини хароҷоти оқилонаи маблағҳои буҷетӣ ва махсус, ки ба Сафорат барои нигоҳ доштани он ҷудо мегарданд, риояи интизоми молиявӣ;
- таъмини шароити зарурӣ барои фаъолияти ҳайати кормандони Сафорат, бо тартиби муқарраргардида манзур намудани пешниҳодњо оид ба масъалањои фаъолияти он;
- њамоњангсозии фаъолияти намояндагони хадамоти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати иқомат, роњнамоии онњо вобаста ба вазъи сиёсии кишвари мазкур ва иқдомҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- иљрои уњдадорињои дигар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва қонунгузории давлати иқомат.
6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
33. Сафорат шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ, муҳрҳои дахлдор, штампҳо, бланкањо мебошад, инчунин метавонад мутобиќи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими асъор ва назорати асъор дар бонкҳои давлати иқомат суратҳисоби бонкӣ кушояд.
34. Қитъаҳои замин, бино, иншоот ва молу мулки дигари Сафорат, ки моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сафорат вобаста карда мешаванд. Сафорат метавонад дар мувофиқа бо Вазорат қитъаҳои замин, бино, иншоот ва молу мулки дигарро барои баамалбарории фаъолияти худ ба иҷора гирад.
35. Ҳуқуқи Сафорат ба соњибї, истифода ва ихтиёрдории молу мулки ба он вобасташуда ва ё ба иҷора гирифташуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлати иқомат амалї карда мешавад.
36. Сафорат барои риоя накардани муқаррароти Низомномаи мазкур масъулият дорад.