Нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорати корҳои хориҷӣ дар нимсолаи аввали соли 2023

15.08.2023 14:20

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,

Ҳозирини гиромӣ,

Аз ҳузури ҳамаи шумо дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хушҳол ҳастем, мо дар симои шумо на танҳо хабарнигор, балки ҳамкорро мебинем.

Вазорати корҳои хориҷӣ фаъолияти худро дар асоси сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути усули “дарҳои кушода”, ки меҳвари сиёсати хориҷии ҷумҳуриро ташаккул медиҳад, идома дода, пешбурди муносибатҳои дӯстона, ҳамсоягии нек ва ҳамкории судмандро бо давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ тақвият бахшид.

Возеҳ аст, ки ҷаҳони мо имрӯзҳо дар як марҳилаи таҳаввулоту тазодҳо ва тағйироти ғайричашмдошт қарор дорад.

Вазъи геосиёсии минтақа ва ҷаҳон бинобар афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ҳамоно мураккаб боқӣ монда, дар пайи онҳо буҳрони ҷаҳонӣ амиқ мегардад. Илова бар ин, мушкилоти марбут ба обу иқлим ба сифати яке аз масъалаҳои муҳимми глобалӣ аз мавзӯъҳои меҳварии рӯзномаи муносибатҳои байналмилалӣ дониста мешавад.

Новобаста аз таъсири омилҳои болозикр, барои сиёсати хориҷии Тоҷикистон, шаш моҳи соли 2023 дар маҷмӯъ марҳилаи навбатии идомаи иқдомҳои созанда ва расидан ба натиҷаҳои назаррас арзёбӣ мегардад.

Соли ҷорӣ яке аз натиҷаҳои асосӣ дар фаъолияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва рӯйдоди муҳим барои ҷомеаи байналмилалӣ, ин Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” буд, ки 22-24 март бо иштирок ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ню-Йорк баргузор гардид.

Зимнан, даъвати Пешвои миллат аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва пешниҳодҳои созанда ҷиҳати ҳалли саривақтии мушкилоти обу иқлим, ки аз умдатарин масъалаҳои глобалӣ ба шумор мераванд, инчунин доир намудани намоишгоҳу чорабиниҳои фарҳангии бозгӯ аз таъриху тамаддуни антиқии миллати тоҷик дар Ню-Йорк, бидуни баҳс боиси боз ҳам болоравии обрӯ ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ боздидҳои расмию кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қазоқистон, Чин, Федератсияи Русия ва шаҳри Чолпон-Ата доир карда шуданд, ки зимни онҳо дар баробари баррасии масъалаҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи ҳамкорӣ, инчунин роҷеъ ба масоили умдаи минтақавию байналмилалӣ, дар маҷмӯъ бо роҳбарони беш аз 50 ҳайати хориҷӣ табодули афкор анҷом дода шуд.

Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон бо 183 давлат муносибатҳои дипломатиро барқарор намудааст.

Ба мақсади баргузории мулоқот ва иштирок дар чорабиниҳои гуногун дар ин давра 52 ҳайати гуногунсатҳ аз кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ озими Тоҷикистон гардиданд.

 

Вазорат фаъолияти худро дар самти таъмини ҳуқуқии сиёсати хориҷии Тоҷикистон идома дода, дар таҳия ва пешниҳоди хулосаҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла ба 72 санад дар самтҳои гуногун, саҳмгузор шудааст.

Дар самти фаъолияти консулӣ иқдомҳои созанда ва дигар ташаббусҳо ба мақсади ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Тоҷикистон дар хориҷа, инчунин ҷиҳати соддасозии рафту омади шаҳрвандони хориҷӣ ва ба ин васила ҷалби бештари сармоягузорону сайёҳон ба кишвар идома дода шуд.

Дар заминаи сиёсати хайрхоҳонаи Пешвои миллат, 104 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз занон, наврасон ва тифлони хурдсол иборат буданд, аз лагерҳои гурезагон дар Сурия ба Ватан баргардонида шуданд.

Ҳамчунин қобили қайд аст, ки самти дипломатияи иқтисодии кишвар низ бо гузаронидани ҳамоишҳои муҳимми муаррификунандаи зарфиятҳои соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон берун аз ҷумҳурӣ ва ба имзо расонидани қарордодҳои ҳамкорӣ миёни ширкату муассисаҳои ватанию хориҷӣ, ба ҳадафҳои пешбинишуда ноил гардид.

Нахустин ҳамоиши сармоягузорӣ ва рушди Тоҷикистон дар Лондон, ки бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон 28-29 март доир гардид, соҳибкорони ду кишварро ба ҳам овард. Байни субъектҳои бахши давлатию хусусии ду давлат 23 санади нави ҳамкорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 370 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расонида шуд.

3 май дар арафаи сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Қазоқистон Ҳамоиши соҳибкории ду кишвар баргузор гардид, ки аз натиҷаи он 60 санади нав ба маблағи 2,6 миллиард доллари ИМА ба имзо расид.

Дар натиҷаи Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркманистон (8 май) 6 ёддошти тафоҳум ба имзо расид, ки маблағи умумии он 43 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ҳамин тариқ, 18 май дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Чин, мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбарони беш аз 40 ширкати бонуфузи чинӣ доир карда шуд.

Масъалаҳои рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи онҳо, аз ҷумла дар соҳаҳои саноат, тиҷорат, кишоварзӣ ва илму фановарӣ, инчунин ҷалби сармоя ба минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ, соли ҷорӣ дар доираи кори комиссияҳои байниҳукуматии иқтисодии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон, Қазоқистон, Беларус, Австрия ва Ҷопон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар марҳилаи ҳисоботӣ зимни ҷаласаҳои кории Созмони ҳамкории Шанхай масоили марбут ба таъмини амнияти минтақавӣ, масъалаҳои ҳуқуқию иқтисод ва раванди татбиқи тадбирҳо вобаста ба коҳиши камбизоатӣ дар паҳнои созмон баррасӣ шуданд, ки дар ҳамаи онҳо мавқеи ҷумҳурӣ иброз ва ҳимоя гардид.

Қобили зикр аст, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон дар номгӯи санадҳо, қарор оид ба қабули Стратегияи рушди иқтисодии СҲШ то соли 2030, ки ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ворид гардид.

Боиси қаноатмандист, ки 24 май бо қарори Ниҳоди иҷроияи UNESCO Куллиёти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳамчун мероси ҳуҷҷатӣ расман ба Феҳристи Хотироти ҷаҳонии UNESCO ворид карда шуд.

Ба мақсади муаррифии арзишҳои таърихию фарҳангии миллат, рушди иқтисодии кишвар ва дар маҷмӯъ тақвияти симои мусбати Тоҷикистон, инчунин ҷалби сармоягузорон ва сайёҳон, намояндагиҳои дипломатии ҷумҳурӣ дар хориҷа бо баргузор кардани ҳамоишҳои таблиғкунандаи иқтисодӣ, ҷашнҳои миллӣ, намоишгоҳҳо ва брифингу мусоҳибаҳо саҳмгузор буданд.

Ҳозирини гиромӣ,

Чун анъана дар пешбурди муносибатҳо бо давлатҳои ИДМ тамаркузи асосӣ ба тақвияти робитаҳои сиёсӣ ва идомаи густариши ҳамкории иқтисодӣ карда шуд.

Зимни суҳбатҳои телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарони давлатҳои Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон раванди тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва робитаҳои гуманитарӣ дар қолаби шарикии стратегӣ мусбат арзёбӣ шуд.

Зимнан, маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ бо Федератсияи Россия ҳангоми сафари кории Раиси ҳукумати Россия ба Тоҷикистон, ки мавсуф аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ба ҳузур пазируфта шуд, мавриди муҳокима қарор гирифт. Аз натиҷаи дигар вохӯрию музокироти ҷонибҳо зимни он сафар 9 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

8-9 майи соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати Президенти Россия дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии Ғалаба дар шаҳри Москва ширкат варзиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин муовинони раиси ҳукумат ва роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва саноати Россияро, ки ба Душанбе сафарҳои корию расмӣ анҷом доданд, ба ҳузур пазируфтанд. Сарвари давлат зимни суҳбат бо онҳо роҷеъ ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Россия ибрози назар намуданд.

Дар ин марҳила ду мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Россия дар Душанбе (6 июн) ва Москва (19 июн) баргузор шуд, ки зимни онҳо рафти татбиқи созишҳои дар сатҳи олӣ дар самтҳои гуногуни ҳамкорӣ ба даст омада, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ҳамчунин дар пайрави ҳамкориҳо байни минтақаҳои Тоҷикистону Россия моҳи феврали соли ҷорӣ миёни вилоятҳои Суғд ва Нижегород 13 шартномаи ҳамкорӣ имзо гардид.

Зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 18 май дар шаҳри Сиани Чин маҷмӯи васеи масоили марбут ба таҳкими ҳусни ҳамҷаворӣ ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Масъалаҳои ҳамкории гуногунҷанба бо назардошти дурнамои муносибатҳои иттифоқӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамчунин 23 январи соли ҷорӣ дар ш.Тошканд миёни вазирони корҳои хориҷии ду кишвар муҳокима гардид.

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қазоқистон 3-4 май ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва стратегии дуҷониба такони мусбат бахшид. Аз натиҷаи гуфтушунидҳо 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Дар доираи он сафар Президенти Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси Парлумон ва Сарвазири Қазоқистон низ мулоқотҳо анҷом дода, маҷмуи васеи масоили ҳамкориҳоро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод муҳокима карданд.

Зимни вохӯриҳои вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қазоқистон 24 январ дар Тошканд ва 27 феврал дар Остона, масъалаҳои муҳимми муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла омодагӣ ба мулоқоти сатҳи олӣ баррасӣ шуданд. Ҳамчунин, Нақшаи чорабиниҳои муштарак бахшида ба 30-солагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Қазоқистон дар соли 2023, тасдиқ гардид.

Дар пайрави ин раванди густариши муносибатҳо, 25 апрел дар шаҳри Остона даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон доир гардид.

Муносибатҳо бо Туркманистон дар партави созишҳое, ки қаблан дар сатҳи олӣ ҳосил шуда буданд, рушд ёфтанд.

10-11 май сафари давлатии Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон доир шуд. Гуфтушунидҳои сарони давлатҳо дар қолабҳои хосса ва васеъ сурат гирифта, зимни он масъалаҳои рушди устувори ҳамкории ду давлат дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, гуманитарӣ ва дигар соҳаҳои ҳамкорӣ муҳокима гардиданд, Аз натиҷа миёни ду кишвар 24 санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

9 марти соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири корҳои хориҷии Туркманистонро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дошт, ба ҳузур пазируфта, роҷеъ ба дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ибрози назар карданд.

Ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Тоҷикистон ва Беларус тибқи мувофиқаҳои қаблан бадастомада идома дода шуданд. 13 апрел дар шаҳри Самарқанд дар ҳошияи ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии ИДМ мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Беларус баргузор гардид, ки ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми ҳамкориро муҳокима карданд. Аз натиҷаи мулоқот Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Беларус барои солҳои 2023-2024 ба имзо расид.

Муносибатҳои гуногунҷанба бо Озарбойҷон бомаром густариш ёфта, таваҷҷуҳи бештар ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию гуманитарӣ зоҳир гардид.

5 апрел соли ҷорӣ сафари давлатии Президенти Озарбойҷон ба Тоҷикистон доир шуд, ки зимни он маҷмӯи муносибатҳои дуҷониба баррасӣ гардида, атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмиллалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт. Аз натиҷаи гуфтушунидҳо 14 санади нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла сармоягузорӣ ва фаъолияти бонкӣ, инчунин сайёҳию гуманитарӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ ба имзо расид.

Ба мақсади табодули афкор роҷеъ ба дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба, миёни вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Озарбойҷон 24 январ дар Тошканд вохӯрӣ баргузор шуд.

Мавзӯи муҳим ва ҳалталаб дар муносибатҳо бо Қирғизистон ҳамоно масъалаҳои марзӣ бо он кишвар боқӣ мемонад. Тамосҳои сиёсӣ ҷиҳати ҳалли мушкилии мазкур ва дигар масъалаҳои мубрам идома ёфтанд. Дар ин росто, 2 июн дар шаҳри Чолпон-Ата Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Қирғизистон вазъи муносибатҳоро баррасӣ намуда, ба масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданд.

Ҳамчунин, 28 январи соли ҷорӣ бо хоҳиши ҷониби Қирғизистон суҳбати телефонии вазирони корҳои хориҷии ду кишвар баргузор шуда, атрофи мавзӯъҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон табодули назар сурат гирифт.

Дар заминаи сиёсати хирадмандона ва ҳусни ҳамҷавории Пешвои миллат, Тоҷикистон кӯмакҳо ба мардуми Афғонистонро тавассути зарфиятҳои логистикӣ ва интиқоли барқ ба он кишвар идома медиҳад.

Дар баробари ин, мавқеи усулии Тоҷикистон бо ҷонибдорӣ аз ташкили ҳукумати ҳамашумул бо иштироки намояндагони ҳамаи миллатҳо ва гурӯҳҳои сиёсии Афғонистон иброз гардида, таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба вазъи фоҷеабор дар он кишвар ҷалб карда мешавад.

Ба мақсади тақвияти робитаҳои сиёсӣ 13 апрел дар Самарқанд мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон баргузор гардид. Ҳамчунин ҷиҳати татбиқи тавофуқоти қаблӣ ва табодули таҷриба сафари ҳайатҳои расмию кории Тоҷикистону Эрон ба кишварҳои якдигар сурат гирифта, масоили вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодию гуманитарӣ, инчунин авиатсияи гражданӣ ва мудофиа мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Раванди рушду таҳкими муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо кишварҳои арабӣ идома ёфт.

Дар ин давра табодули паёмҳо миёни роҳбарияти олии давлатҳо, инчунин боздидҳои расмию кории намояндагони мақомот аз кишварҳои якдигар, аз ҷумла дар бахшҳои саноату иқтисод ва ҷалби сармоя ба амал омад.

Сафари давлатии Амири Қатар ба Тоҷикистон, ки 8 июн ба вуқӯъ пайваст, аз рӯйдодҳои муҳим дар равобити ду давлат ба ҳисоб меравад. Зимни мулоқоти хоссаи сарони ду давлат ва музокироти васеъ, маҷмӯи муносибатҳои дуҷониба ва фароҳамсозии заминаҳои ҳуқуқӣ барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо муҳокима шуд.

Аз натиҷаи сафар 15 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Қатар ба имзо расида, бо иштироки сарони ду кишвар маросими ифтитоҳи расмии “Масҷиди ҷомеи марказии Душанбе” сурат гирифт.

Сатҳи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Ироқ 22 марти соли ҷорӣ дар ҳошияи Конфронси оби СММ дар шаҳри Ню-Йорк миёни вазирони корҳои хориҷии ду давлат мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Туркия, аз ҷумла дар бахши иқтисоду тиҷорат, дар ҳоли рӯ ба густариш қарор дорад. Зимни вохӯриҳо бо мақомоти марбут ба сармоягузории он кишвар, тамаркузи асосӣ ба вазъи кунунӣ ва имконияти рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду соҳибкорӣ ва илму фанноварӣ карда шуда, роҷеъ ба андешидани роҳҳои нави тавсеаи онҳо табодули афкор сурат гирифт.

Дар самти муносибатҳо бо кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ором саъю талошҳо ба идомаи тақвияти робитаҳои сиёсию амниятӣ ва густариши ҳамкориҳои иқтисодию гуманитарӣ бо давлатҳои ҳавзаи мазкур равона гардид.

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин 16-19 май саҳифаи навро дар таърихи муносибатҳои дуҷониба боз кард. Дар доираи ин сафар силсилаи мулоқоту музокироти судманди Сарвари давлат бо шахсони воломақоми расмӣ, роҳбарони корхонаҳои бонуфузи чинӣ ва доираи васеи соҳибкорону сармоягузорони он кишвар ба вуқуъ пайваст.

Дар натиҷаи музокироти сатҳи олӣ Изҳороти муштараки сарони давлатҳо ва 13 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Ба мақсади баррасии вазъи кунунии ҳамкориҳо ва дурнамои онҳо, дар ш. Самарқанд 13 апрел ва дар ш. Сиан 26 апрел, вохӯриҳои вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Чин баргузор гардиданд.

Зимни сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Чин 24-27 апрел, бо роҳбарияти вазорати тиҷорат, вазорати об ва агентии ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди Чин мулоқотҳо доир гардиданд, ки таваҷҷуҳи махсус ба таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самтҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, саноату нақлиёт, кишоварзӣ, илму техника, рақамикунонии соҳаҳои асосии кишвар ва бахши гуманитарӣ зоҳир гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Корея ва Ҷопон бо тамаркуз ба густариши бахшҳои иқтисодӣ идома ёфтанд.

15-16 май Фиристодаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Корея ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад, ки мавсуфро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазирони корҳои хориҷӣ, саноат ва технологияҳои нав ба ҳузур пазируфтанд. Зимни мулоқотҳо сатҳи кунунии ҳамкорӣ ва роҳҳои густариши минбаъдаи онҳо баррасӣ шуданд.

Дар ин марҳила бо Ҷопон чаҳор созишномаҳои грантӣ ба имзо расонида шуд.

Дар самти муносибатҳои Тоҷикистон бо Ҳиндустон ва Покистон, Малайзия, Индонезия ва Тайланд ба мақсади дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ ва пайгирии масоили муҳимми дуҷониба саъй карда шуд.

Ин мавзӯъҳо ва аз ҷумла, татбиқи қарордодҳои қаблан дар сатҳи олӣ бадастомада, зимни мулоқотҳои вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Покистон 23 январ дар Тошканд ва бо вазири давлатии корҳои хориҷии он кишвар 7 апрел дар Самарқанд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Масъалаҳои сармоягузории муштарак дар соҳаҳои саноат ва технологияҳои нав низ, ҳангоми боздиди намояндагони расмӣ ва ширкатҳои маъруфи кишварҳои болозикр аз Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Вазорат фаъолияти худро дар самти таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои қитъаи Аврупо ва Америка идома дода, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор кардани чорабиниҳои дуҷониба ва ташрифи ҳайатҳо мусоидат намуд.

Зимни мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка ИМА 28 феврал дар Остона, сатҳи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба баррасӣ гардида, атрофи масоили амниятӣ, бахусус вазъ дар Афғонистон ва дигар мавзӯъҳои умдаи глобаливу минтақавӣ суҳбат доир шуд.

Ҳамчунин, Вазири корҳои хориҷии кишвар дар нишасти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА дар қолаби “С5+1” суханронӣ намуд. Ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонӣ, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдиду чолишҳои амниятӣ табодули афкор намуда, ба зарурати тақвияти ҳамкориҳо таъкид карданд.

Раванди густариши ҳамкориҳо бо кишварҳои Аврупо идома ёфта, 30 март дар Лондон нахустин Муколамаи сиёсӣ миёни вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва вазорати корҳои хориҷӣ, иттиҳод ва рушди Британияи Кабир баргузор гардид. Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, авиатсияи гражданӣ, ҳифзи муҳити зист, маориф ва илм, муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар мавзуоти муҳимми ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардиданд.

Зимни сафари вазири корҳои хориҷии Сербия ба Тоҷикистон 7-8 апрел, мавсуф аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуд. Мавзуъҳои муносибатҳои сиёсӣ, рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодию гуманитарӣ, инчунин шарокати ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, зимни мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Сербия баррасӣ гардиданд.

Дар рафти мулоқоти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Нидерланд дар Ню-Йорк 22 март масоили ҳамкорӣ дар самтҳои сиёсӣ, бахшҳои мухталифи иқтисодӣ ва гуманитарӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Рӯйдоди дигар дар муносибатҳо бо ин кишвар, ин баимзорасии Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Нидерланд буд, ки аз тарафи вазирони корҳои хориҷӣ сурат гирифт.

Имконоти рушди муносибатҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои асосии иқтисодӣ, таҳкими ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва мубориза бо чолишҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, дар мулоқотҳои вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Маҷористон дар Ню-Йорк, инчунин муовинони онҳо дар ҳошияи Анҷумани соҳибкорони ду кишвар дар Будапешт, ба таври васеъ баррасӣ шуданд.

Рушди муносибатҳо бо ҷонибҳои Финландия, Италия, Олмон ва Фаронса тавассути машваратҳои сиёсӣ ва дигар иртиботи дипломатӣ, инчунин баргузории ҳамоишҳои соҳибкорию сайёҳӣ идома ёфт.

Зимни мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Шветсия 26 июн дар Люксембург, доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла самтҳои муҳимми ҳамкории дуҷониба, иқлим, обу энергетика ва робитаҳо дар доираи Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Маҷмӯи масоили ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла тақвияти ҳамкорӣ ҷиҳати таҳкими марзҳо, дар вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел 2 июн дар Чолпон-Ата мавриди муҳокима қарор гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дар Мулоқоти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни нишаст роҷеъ ба дурнамои ҳамкориҳои бисёрҷониба, инчунин оид ба рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Вазири корҳои хориҷӣ 26 июн дар Люксембург дар ҷаласаи 10-уми Шурои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва ИА иштирок кард. Рӯзномаи ҷаласа раванди музокирот доир ба Созишномаи тавсеаёфтаи ҳамкорӣ ва шарикӣ миёни ИА ва Тоҷикистон, масоили сиёсӣ бо тамаркуз ба ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, муомилоти тиҷоратӣ бо таваҷҷуҳ ба пайвастани Тоҷикистон ба Низоми умумии имтиёзҳои гумрукии Аврупо ва мавзуоти минтақавию байналмилалиро фаро гирифт.

Дар ҳошияи ин чорабинӣ мулоқотҳои вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин бо намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Жозеп Боррелл ва раиси Кумитаи муносибатҳои байналмилалии Парлумони Аврупо Дэвид Макаллистер доир гардиданд.

Фаъолияти вазорат ҳамчунин ҷиҳати таҳкиму густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба бо кишварҳои ҷаҳон дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ бомаром идома дода шуд.

Дар ҳошияи Конфронси оби СММ мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо Дабири кулли созмон А.Гутериш доир шуд, ки зимни он роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои об, тағйирёбии иқлим, рушди иқтидори тавлиди “неруи сабз”, қабули қатъномаи МУ СММ аз рӯйи ташаббуси панҷуми Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва ғайра табодули афкор сурат гирифт.

Атрофи дигар масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милал ва зерниҳодҳои он дар вохӯриҳои Пешвои миллат бо Раиси иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ ва мудири иҷроияи Хазинаи кудакони СММ (UNICEF) низ сӯҳбат ороста шуд.

14 апрел дар шаҳри Самарқанд ҷаласаи баҳории Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ доир гардид, ки дар кори он вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон низ иштирок намуд. Дар доираи ҷаласа тибқи рӯзнома 9 масъала баррасӣ гардида, вобаста ба масоили ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ИДМ ва таҳкими ҳамкорӣ байни давлатҳои иштирокдор дар соҳаҳои гуманитарӣ қарорҳои дахлдор ба имзо расонида шуданд.

19-20 июн вазири корҳои хориҷии кишвар дар ҷаласаи байнииҷлосиявии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, иштирок кард. Аз натиҷаи ҷаласа якчанд қарорҳо ба имзо расонида шуда, Изҳороти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои СААД оид ба вазъ дар Афғонистон қабул гардид.

26-27 апрел дар шаҳри Сиан Вохӯрии IV-уми вазирони корҳои хориҷии “Осиёи Марказӣ – Чин” доир гардид. Ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкориро мавриди баррасӣ қарор дода, Баёнияи иттилоотӣ ва Протоколи ҷаласаро ба имзо расониданд.

Ҳозирини гиромӣ,

Ин буд шарҳи мухтасари натиҷаҳои фаъолияти Вазорати корҳои хориҷӣ дар шаш моҳи аввали соли 2023.

Минбаъд низ моро вазифаҳои муҳим ва масъулиятноке интизоранд, ки бояд саъй кунем онҳоро ҳадафмандона ба манфиати давлатамон иҷро намоем. Дар ин росто Вазорат ҷиҳати баргузории якчанд чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, аз қабили Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки 14-15 сентябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудаанд, омодагии ҷиддӣ мебинад.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим