25 августи соли 2023 дар шаҳри Остона дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи олим, файласуф, табиб, шоир ва мутафаккири бузурги тоҷику форс Абӯалӣ ибни Сино баргузор гардид.
Дар ин маросим, ки зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд, вазирони фарҳанги Тоҷикистону Қазоқистон ва намояндагони аҳли зиёи ду кишвар иштирок доштанд.
Нимпайкараи олими бузурги тоҷику форс, ки аз ҷониби ҳунармандони тоҷик сохта шудааст, тибқи Барномаи чорабиниҳо, ки 24 январи соли 2023 аз ҷониби вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қазоқистон ба муносибати 30-умин солгарди истиқрори муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон гузошта шудааст.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan