29 августи 2023 мулоқоти намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шӯъбаи женевагии СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо директори генералии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Дарен Танг баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунии соҳаи моликияти зеҳнии кишварро, инчунин ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ мавриди муҳокима қарор доданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan