16 сентябри соли 2023 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Б. Абдилдаев ба Вазорати корҳои хориҷӣ даъват карда шуд.
Зимни вохӯрӣ ба сафир нигаронии ҷониби Тоҷикистон вобаста ба изҳороти шахси мансабдори баландмақоми давлатии Қирғизистон дар робита ба масъалаҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон, ки 15 сентябри соли равон дар фазои иттилоотӣ интишор гардид, расонида шуд.
Таъкид гардид, ки ин гуна тавзеҳот метавонад ба раванди музокирот оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, инчунин эътимоди тарафайн зарари ҷиддӣ расонад.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan