22 сентябри соли 2023 дар ҳошияи “Ҳафтаи сатҳи баланд”-и иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҷаласаи 47-уми солонаи вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи 77 ва Чин ширкат ва суханронӣ намуд.
Вазири корҳои хориҷӣ дар ҳамоиши мазкур, ки ба мавзуи “Роҳ ба сӯйи ислоҳоти сохтори байналмилалии молиявӣ” бахшида шуда буд, доир ба чолишҳои кишварҳои рӯ ба тараққӣ, инчунин зарурати таъмини маблағгузории дарозмуддат ба кишварҳои узв ҷиҳати ноил шудан ба Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор ибрози андеша кард.
Зимни суханронӣ С. Муҳриддин аз ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, аз ҷумла ташкили Гурӯҳи дӯстони пиряхҳо ёдрас гардид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan