Вохӯрӣ бо донишҷӯёни тоҷик

23.10.2023 14:20

23.10.2023.13.40.jpg

20 октябри соли 2023 дар китобхонаи Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи ал-Форобӣ вохӯрии кормандони консулгарии генералӣ бо донишҷӯён – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин донишгоҳ таҳсил мекунанд, баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ таъкид карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил менамоянд, умеди калон дошта, мутахассисони баландихтисосро интизор аст, ки дар оянда барои рушди кишвар саҳми худро гузоранд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки вақти холии худро ҳарчӣ бештар ба омӯхтани касбҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва илму техникаи замонавӣ сарф намоянд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим