Муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон

01.03.2013 10:10

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон 4 августи соли 1994 бо имзои Протокол "Дар бораи муқаррар намудани муносибатҳои дипломатӣ ва дар бораи мубодилаи намояндагиҳои дипломатӣ дар сатҳи сафоратҳо" гузошта шуданд.

Аз лаҳзаи барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ то ба имрӯз муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон дар асоси заминаи хоси ҳамкориҳои пасошӯравӣ рушд меёфт. Муносибатҳо одатан бо мавҷудияти рӯҳияи эҳтироми тарафайн ва наздикии мавқеъҳои худ дар масъалаҳои рӯзмарраи байналмилалӣ ва минтақавӣ тавсиф карда мешаванд.

Дар доираи саммитҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони Гурҷистон як қатор мулоқотҳо доир намуд, ки дар ҷараёни онҳо ҷанбаҳои гуногуни ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибатҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.

Заминаи ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Гурҷистон бар пояи се ҳуҷҷати дуҷониба, Протокол дар бораи барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ ва ду созишномаи байниидоравӣ оид ба ҳисоббаробаркунии байнидавлатӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмон асос меёбад. Дар ҳоли ҳозир дар баррасии ҷонибҳо зиёда аз 15 лоиҳаи санадҳои дуҷониба қарор доранд.

Ба пешбурди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ байни ду давлат Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ саҳм гузорад. Дар айни замон, ҷонибҳо дар самти баргузор намудани ҷаласаи якуми Комиссияи номбурда фаъолона кор бурда истодаанд.

Аз рӯзҳои аввали истиқлолият муносибатҳо бо Гурҷистон устуворона рушд мекунанд ва барои рушди бомуваффақияти онҳо захираи назаррас мавҷуд аст.

Самтҳои эҳтимолии ҳамкорӣ бо Гурҷистон кишоварзӣ ва истихроҷи маъдан, сайёҳӣ, маориф, тибби гомеопатикӣ мебошанд.

15 феврали 2021 аввалин ройзаниҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон дар сатҳи муовинони вазир дар шакли маҷозӣ баргузор гардид. Роҳбарони ҳайатҳо ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ карда, доир ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ  ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

13-16 апрели соли 2021 бо мақсади тақвият ва шиносоӣ бо имкониятҳои нақлиётӣ транзитии Гурҷистон сафари кории Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Гурҷистон сурат гирифт, ки дар рафти он Созишнома оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Гурҷистон ба имзо расид.

Дар маҷмӯъ муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон дурнамои рушди минбаъда ва тақвият доранд.

 

Нигористон

Тақвим