Ширкат дар Ҳамоиши Париж оид ба масъалаҳои сулҳ

10.11.2023 17:55

10 ноябри соли 2023 дар шаҳри Париж Ҳамоиши навбатии Париж оид ба масъалаҳои сулҳ бо иштироки сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, намояндагони баландпояи кишварҳо, роҳбарони ниҳодҳои байналмилалӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон зери роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ширкат варзид.

Иштирокчиёни ҳамоиш перомуни масъалаҳои мубрами рӯз, андешидани чораҳо, ҷиҳати коҳиши ташаннуҷи байналмилалӣ ва таҳкими сулҳу шукуфоӣ, аз қабили идоракунии глобалӣ, мубориза бо тағйирёбии иқлим, ҳалли мушкилоти фаромарзӣ, мудирияти муштараки иншооти мероси умумиҷаҳонӣ, танзими байналхалқии соҳаи киберӣ, муқовимат ба қаллобии иттилоотӣ ва дигар мавзӯъҳо табодули андеша карданд.

Кори Форуми имсолаи Париж дар соҳаҳои гуногун 4 бахши мавзуии сулҳ ва амният, аз ҷумла ҳифзи сайёра ва сокинони он, таъмини эътимод ва амният дар ҷаҳони рақамӣ, ҳалли мушкилоти марбут ба нобаробарӣ ва суръат бахшидан ба татбиқи Ҳадафҳои рушди стратегӣ (SDGs) ва таъмини сулҳу бунёди ҷаҳони амнро дар бар гирифта, ба ин мақсад 49 лоиҳаи омодашударо ба нақша гирифт.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим