Мулоқот бо фаъолони иқтисодии Эрон 

30.11.2023 11:19

27 ноябри соли 2023 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо соҳибкорону истеҳсолкунандагони Эрон, ки дар Намоишгоҳи молу маҳсулоти эронӣ дар Душанбе дар охири моҳи декабри соли ҷорӣ ширкат меварзанд, мулоқот намуд.

Зимни суханронии худ роҳбари намояндагии дипломатӣ ба ҳозирин оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии дуҷониба, фазои сармоягузорӣ, зарфиятҳои истеҳсолӣ ва захираҳои бузурги табиии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намуда, онҳоро барои сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон даъват намуд.

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим