Вохӯрии cафир бо сардори Хадамоти давлатии муҳоҷирати Озарбойҷон

05.12.2023 08:32

05,12,2023,08,33.jpg

1 декабри соли 2023 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон  бо сардори Хадамоти давлатии муҳоҷирати Ҷумҳурии Озарбойҷон Вюсал Гусейнов баргузор гардид.

Зимни мулоқот вазъи кунунии муносибатҳо ва дурнамои рушди ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи муҳоҷират, аз ҷумла омӯзиш ва табодули таҷриба, мубодилаи маълумотҳои оморӣ ва иштирок дар машқҳои соҳавӣ таъкид карданд.

Пас аз мулоқот роҳбари намояндагӣ бо фаъолияти Маркази таълимии минтақавӣ оид ба муҳоҷирати назди Хадамоти давлатии муҳоҷирати Озарбойҷон шинос шуд.

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим