6 декабри соли 2023 дар Ню-Йорк маросими имзои Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ботсвана баргузор гардид.
Баёнияи муштаракро намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ботсвана Лемоганг Квапе имзо карданд.
Барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Ботсвана ба инкишофи минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба мусоидат хоҳад намуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan