Вохӯрии сафир бо вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон

08.12.2023 11:53

7 декабри соли 2023 вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон Микоил Ҷабборов баргузор гардид.

Дар рафти вохурӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самти иқтисодиву тиҷоратӣ, саноату нақлиёт, интиқоли борҳои транзитӣ ва сармоягузорӣ дар бахши саноату энергетика муҳокима гардид.

Зимни вохӯрӣ, миёни ҷонибҳо дар мавриди рушди ҳамкориҳои тарафайн ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, инчунин коркарди абзорҳои нави рушди равобити дуҷониба бо истифода аз фазои мусоид ва имкониятҳои мавҷуда, табодули афкор сурат гирифт.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим