Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 29 майи 1992 барқарор шудаанд.
Аз 22 сентябри соли 2007 дар Тоҷикистон Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон 23 марти соли 2008 фаъолиятро оғоз кард.
Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба таври анъанавӣ дар рӯҳияи эҳтиром ва шарикӣ инкишоф меёбанд. Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҷонибдори устувору пайгиронаи густариш ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ мебошанд ва мавқеи муштаракро оид ба баланд бардоштани самаранокии СММ, САҲА, ИДМ, СҲИ, ЭКО ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки ба онҳо аъзо мебошанд, тарафдорӣ мекунанд.
Ба рушд ва таҳкими муносибатҳои тарафайн асосан вохӯриҳои сарони ду давлат дар форматҳои гуногун мусоидат мекунад.
Моҳи октябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон И.Алиев бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард ва 10 августи соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президент И.Алиев ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафари расмӣ анҷом дод.
Ҳангоми боздидҳо самтҳои асосии муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва гуманитарӣ, ки ба шарикии дарозмуддат нигаронида шудаанд, муайян карда шудаанд.
Дар айни замон, заминаи ҳуқуқии Тоҷикистону Озарбойҷон зиёда аз 55 созишнома ва шартномаро дар бар мегирад, ки муҳимтарини онҳо Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон мебошанд, ки 16 марти соли 2007 имзо шудааст.
Ҳуҷҷатҳои байни ду кишвар қабулшуда бешубҳа заминаи ҳуқуқии таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон дар тамоми соҳаҳо мебошанд.
Ҳамкорӣ дар соҳаи коммуникатсияи нақлиётӣ, аз ҷумла истифодаи имкониятҳои транзитию нақлиётии Озарбойҷонро метавон ҳамчун яке аз бахшҳои муҳими муносибатҳои мутақобилаи иқтисодии Тоҷикистону Озарбойҷон арзёбӣ кард.
Дар ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва гуманитарии кишварҳои мо Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки ҷаласаи чоруми он соли 2017 дар шаҳри Боку баргузор гардида буд, нақши муҳимро мебозад. Баргузории Комиссияи навбатӣ дар моҳи октябри соли 2021 ба нақша гирифта шудааст.
30 марти 2021 дар Душанбе дар ҳошияи ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии "Раванди Истанбул - Қалби Осиё" мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷейҳун Байрамов сурат гирифт.
Зимни вохӯрӣ, мусоҳибон тавофуқ намуданд, ки бо талошҳои вазоратҳои корҳои хориҷӣ рӯзномаи муносибатҳои дуҷонибаро ғанӣ гардонанд.
Пас аз анҷоми мулоқот маросими имзои Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон барои солҳои 2021-2022 баргузор гардид.