15 декабри соли 2023 таҳти ҳамраисии намояндагиҳои доимии Тоҷикистону Аргентина дар СММ нишасти нахустини Гурӯҳи “Дӯстони пиряхҳо” дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид ташкил гардид.
Гурӯҳи мазкур бо ибтикори Тоҷикистону Аргентина ба мақсади татбиқи ваколатҳои қатъномаи Маҷмааи Умумии СММ оид ба эълон намудани 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтааст, таъсис дода шудааст.
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ дар рафти чорабинии мазкур аз аҳаммияти мавзуи ҳифзи пиряхҳо ва таъсисёбии Гурӯҳи мазкур таъкид намуда, татбиқи саривақтии қатъномаи зикргардидаро барои ҳалли мушкилиҳои марбут ба обшавии пиряхҳо ва баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо (с.2025 дар Тоҷикистон) муҳим арзёбӣ кард.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan