Вохӯрии сафир бо роҳбари ҳокимияти иҷроияи шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон

16.01.2024 16:36

16.01.2024.16.33.jpg

15 январи соли 2024 вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо роҳбари ҳокимияти иҷроияи шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон Азизов Элдар баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ вазъи феълӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба миёни шаҳрҳои Душанбе ва Боку муҳокима шуд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо густариши равобит миёни пойтахтҳои ду давлат дар соҳаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, башардӯстӣ ва варзишӣ, танзими сафарҳо бо иштироки ҳайатҳои шаҳрҳои Душанбе ва Боку, инчунин ташкили чорабиниҳои муштарак табодули афкор намуданд.

 

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим