Муносибатҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамчун ду давлати мустақил 27 январи соли 1993 бо имзои Протокол «Дар бораи барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон» замина пайдо намуд.
Аз моҳи феврали соли 1995 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ашқобод ва аз 26 июни соли 1999 Сафорати Туркманистон дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ кардаанд.
Заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро беш аз 110 санад ташкил медиҳад, ки соҳаҳои мухталифи ҳамкориҳоро ба танзим медароранд.
Тамосҳои сиёсӣ дар сатҳи олӣ ва баланд дорои ҳусни эътимод буда, ба дастгирии мутақобил асос меёбанд. Президентҳои ду кишвар борҳо сафарҳоро ба давлатҳои ҳамдигар анҷом додаанд.
19-20 августи 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сафари расмӣ анҷом дод.
2-3 ноябри 2017 зимни сафари расмии Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамедов ба Тоҷикистон Аҳднома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид, ки он муносибатҳои ду давлатро ба сатҳи сифатан нав баровард.
20 июни 2018 Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба мақсади ширкат дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
24 августи 2018 дар минтақаи миллии сайёҳии "Аваза"-и шаҳри Туркманбошӣ ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал шуд, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок карданд.
1 октябри 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Туркманистон сафари корӣ анҷом дод.
Ҳамзамон сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Э.Раҳмон ба Туркманистон, ки 3-5 августи соли 2021 сурат гирифт, барои таҳкими муносибатҳои ҳамаҷониба ва шарикии стратегии байни ду давлат аҳамияти хоса дорад. Зимни сафари мазкур бастаи сершумори санадҳои ҳамкории дуҷониба ба имзо расид.
Гузашта аз ин, 6 августи 2021 пас аз фарҷоми сафар давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Мулоқоти навбатии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар минтақаи миллии сайёҳии “Аваза” баргузор гардид, ширкат варзид.
Шоиста зикр аст, ки дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо Қарори муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ нахустин мукофоти олӣ – “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ”-ро дар вазъияти тантанавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуданд.
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон, Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва дар доираи он вохӯрӣ баргузории Форуми иқтисодии Кишварҳои Осиёи Марказӣ барои рушд ва густариши муносибатҳои ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Туркманистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.
17 сентябри 2021 Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ҷиҳати иштирок дар Саммити ҷашнии СҲШ, ки бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси меҳмони фахрӣ сурат гирифт, ба Тоҷикистон сафари корӣ анҷом дод.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон дар доираи СММ, САҲА, ИДМ, ЮНЕСКО, СҲИ, TRACECA, С5+1, ИА+Осиёи Марказӣ, Ҷопон+Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии Корея-Осиёи Марказӣ, Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ, Осиёи Марказӣ-Чин, инчунин дар масъалаҳои вобаста бо Афғонистон бо мавқеи ягона дар ҳалли ағлаби масъалаҳои доғи байналмилалӣ ва минтақавӣ баромад мекунанд.
Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ дар густариш ва таҳкими минбаъдаи шарикии тиҷоратӣ ва иқтисодӣ нақши муҳим мебозад. Ҷаласаи навбатии 10-уми ин комиссия рӯзҳои 28-29 июли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳангӣ-гуманитарӣ мубодилаи гурӯҳҳои эҷодӣ, иштироки мутақобил дар фестивалҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои ба анъанаи нек табдил ёфтааст. Бо ташаббуси Сарони ду давлат Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон ва Рӯзҳои фарҳангии Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд, ки барои густариши муносибатҳои дӯстӣ байни мардумони ду кишвар ва таҳкими робитаҳои бисёрҷанбаи Тоҷикистону Туркманистон саҳми назаррас мегузоранд. Чунончи моҳи июли соли 2017 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон ва моҳи октябри 2018 Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд.