Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,
Ҳозирини гиромӣ,
Аз ҳузури ҳамаи шумо дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хушҳол ҳастем.
Вазорати корҳои хориҷӣ фаъолияти худро дар асоси сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути усули “дарҳои кушода”, ки меҳвари сиёсати хориҷии ҷумҳуриро ташкил медиҳад, идома дода, пешбурди муносибатҳои дӯстона, ҳамсоягии нек ва ҳамкории судмандро бо давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ тақвият бахшид.
Вазъи геосиёсии минтақа ва ҷаҳон бинобар афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ҳамоно мураккаб боқӣ монда, дар пайи онҳо буҳрони ҷаҳонӣ амиқ мегардад.
Новобаста аз таъсири ин омилҳо, барои сиёсати хориҷии Тоҷикистон, соли 2023 дар маҷмӯъ марҳилаи навбатии идомаи иқдомҳои созанда ва расидан ба натиҷаҳои назаррас арзёбӣ мегардад.
Албатта, дар ин масири пуршебу фароз, маҳз тавассути ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем истодагарӣ карда ба комёбиҳо дар арсаи байналмилалӣ ноил гардем.
Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” - рӯйдоди муҳимми марҳилаи ҳисоботӣ на танҳо дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон, балки дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад, ки аз оғоз бо ибтикори Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Подшоҳии Нидерландҳо тарҳрезӣ шуда, 22-24 марти соли 2023 бо иштирок ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид. Дар ин замина ҷиҳати омодагӣ дар сатҳи муносиб ва баргузории бомуваффақонаи конфронсу чорабиниҳои канории он ва иқдомҳои тарғиботии марбут ба ин маъракаи муҳимми сатҳи ҷаҳонӣ Вазорат ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷа бо истифода аз ҳамаи имконот саъю талош намуданд.
Зимнан, даъвати Пешвои миллат аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва пешниҳодҳои созанда ҷиҳати ҳалли саривақтии мушкилоти обу иқлим, ки аз умдатарин масъалаҳои глобалӣ ба шумор мераванд, инчунин доир намудани намоишгоҳу чорабиниҳои фарҳангии бозгӯ аз таъриху тамаддуни антиқии миллати тоҷик дар Ню-Йорк, бидуни баҳс боиси боз ҳам болоравии обрӯ ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид.
Ташаббуси Президенти Тоҷикистон дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай роҷеъ ба Стратегияи рушди иқтисодии созмон барои давраи то соли 2030 низ, аз дастовардҳои муҳими ин марҳила ба шумор меравад.
Бояд қайд кард, ки ҷамъбасти муфассали фаъолияти Вазорат ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон фаротар аз он аст, ки мо имрӯз ва инҷо мо бо назардошти маҳдудияти фурсат, таваҷҷуҳи шуморо танҳо ба рӯйдодҳои муҳимтарин бо тамаркуз ба фаъолият дар соли сипаришуда ҷалб менамоем.
Сафарҳои давлатӣ расмӣ ва муколамаи дар сатҳи олӣ ба вуқӯъ пайваста дар самтҳои ҳамкорӣ бо Қазоқистон, Чин, Қатар, Эрон ва Русия, ки аз натиҷаи онҳо маҷмӯи санадҳои муҳимми сиёсию иқтисодӣ ба имзо расид, ба рушду таҳкими муносибатҳо бо он кишварҳо такони мусбат бахшиданд.
Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе, ки пойтахтамонро бори дигар ба маркази баргузории ҳамоишҳои муҳимми байналмилалӣ табдил дод, аз лиҳози мундариҷавӣ ғанӣ ва ба сифати омили тақвиятдиҳандаи муносибатҳои дӯстонаю ҳусни ҳамҷаворӣ хотирмон буд.
Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо тамаркуз ба ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масоили таъмини суботу амният, инчунин татбиқи ҳадафу уҳдадориҳо дар масири беҳдошти вазъи обу иқлим, ҳамчунин аз вежагиҳои ин давраи ҳисоботӣ маҳсуб меёбанд.
Ҳузури Пешвои миллат дар Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP 28) ва суханрониҳо дар ҳамоишҳои канорӣ аз ҷумла, чорабинии сатҳи баланди Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ, Мизи мудаввари Саммити ҷаҳонӣ оид ба амалҳои иқлимӣ, Саммити Гурӯҳи 77 ва Чин далели возеҳи татбиқи ташаббусҳои байналмилаии Тоҷикистон ва эътирофи саҳми кишвари мо дониста мешавад.
Тоҷикистон муносибатҳои гуногунҷанбаро бо ҳамаи шарикони дуру наздик мунтазам густариш медиҳад. Дар ин марҳила ба мақсади баргузории мулоқот ва иштирок дар чорабиниҳои гуногун тақрибан 150 ҳайати гуногунсатҳ аз кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ озими Тоҷикистон гардиданд, ки роҷеъ ба он ҳамаи корҳои тадорукотию ташрифотӣ босамар анҷом дода шуд. Қобили қайд аст, ки дар марҳилаи ҳисоботӣ аз натиҷаи музокироти сатҳи олӣ ва баланд, инчунин тибқи дигар тартиботи муқарраршуда, дар маҷмӯъ 173 санади байналмилалӣ бо шарикони хориҷӣ ба имзо расид. Дар самти фаъолияти консулӣ иқдомҳои созанда ва дигар ташаббусҳо ба мақсади ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Тоҷикистон дар хориҷа, инчунин ҷиҳати соддасозии рафту омади шаҳрвандони хориҷӣ ва ба ин васила ҷалби бештари сармоягузорону сайёҳон ба кишвар идома ёфтанд.
Дар зимн самти дипломатияи иқтисодии кишвар низ бо гузаронидани ҳамоишҳои муаррификунандаи зарфиятҳои соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва ба имзо расонидани қарордодҳои ҳамкорӣ миёни ширкату муассисаҳои ватанию хориҷӣ, ба ҳадафҳои пешбинишуда ноил гардид. Чунин ҳамоишҳо ва мусоидат ба таҳкими ҳамкорӣ миёни доираҳои соҳибкории ватанию хориҷӣ дар самти ҳамкорӣ бо Австрия, Беларус, Британияи Кабир, Корея, Қазоқистон, Малайзия, Олмон, Покистон, Русия, Туркия, Туркманистон, Чехия, Чин, Эрон ва кишварҳои арабӣ сурат гирифтанд.
Ҳамчунин, Вазорат ҷиҳати дар сатҳи муносиб баргузор шудани Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе 2023” (29 октябр) саҳми худро гузошт. Дар форум беш аз 800 намояндаи 40 давлати дунё иштирок карда, аз натиҷаи он қарордодҳои ҳамкорӣ ҷиҳати ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ байни мақомоти давлатӣ, соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ ба имзо расиданд.
Масъалаҳои рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи онҳо, аз ҷумла дар соҳаҳои саноат, тиҷорат, кишоварзӣ ва илму фановарӣ, инчунин ҷалби сармоя ба минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ, соли гузашта дар доираи кори комиссияҳои байниҳукуматии иқтисодии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон, Қазоқистон, Беларус, Австрия, Ҷопон, Қатар, Озарбойҷон, Туркманистон ва Русия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Самти дипломатияи фарҳангӣ низ бо шомил кардани Куллиёти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва ёдгории фарҳанги ҷаҳонии қитъаи “Зарафшон-Қароқум”-и Роҳи Абрешим, ёдгории табиии “Бешаи Палангон” ба феҳристҳои хотироти ҷаҳонӣ ва мероси ҷаҳонии UNESCO, инчунин таҷлили 30-юмин солгарди ҳамкории Тоҷикистон бо UNESCO (11 август) дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон хусусияти фарқкунанда дошт. Ҳамчун боиси қаноатмандист, ки номинаи миллии Тоҷикистон “Анъанаи бофтани атласу – адрас”, номинаи муштараки Тоҷикистон ва Эрон “Ҷашни Сада” ва номинаи “Санъати зарҳалкорӣ” тавассути ҳамкории бисёрҷониба ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардиданд.
Ба мақсади муаррифии арзишҳои таърихию фарҳангӣ, зарфиятҳои сайёҳӣ, рушди иқтисодии кишвар ва дар маҷмӯъ тақвияти симои мусбати Тоҷикистон, инчунин гузаронидани корҳои муайян, барои муттаҳидии ҳамватанон дар хориҷи кишвар, намояндагиҳои дипломатии ҷумҳурӣ дар хориҷа бо баргузор кардани ҳамоишҳои таблиғкунандаи иқтисодӣ, ҷашнҳои миллӣ, намоишгоҳҳо ва брифингу мусоҳибаҳо саҳмгузор буданд.
Муносибатҳои анъанавӣ бо давлатҳои ИДМ бо тамаркуз ба тақвияти робитаҳои сиёсӣ ва идомаи густариши ҳамкории иқтисодӣ идома дода шуд.
Муносибатҳои Тоҷикистону Русия бо баргузории вохӯриҳо ва чорабиниҳои сиёсию иқтисодӣ дар ин марҳила пурмазмун арзёбӣ мегардад.
Рӯйдоди муҳимми сиёсӣ дар муносибатҳои дуҷониба, ин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсия Русия (21 ноябр) буд, ки аз натиҷаи он 9 санади нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, нақлиёт, иқтисод, гумрук, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҳуқуқ ва илму фанноварӣ ба имзо расид.
Зимни музокироти хосса ва васеъ ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми ҳамкории дуҷонибаро муҳокима намуда, атрофи вазъи минтақавию байналмилалӣ табодули афкор анҷом доданд.
Ҳамчунин дар ин давра муовинони раиси ҳукумат ва роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва саноат, роҳбарони ҷумҳурӣ ва вилоятҳои Русия, ки ба Душанбе сафарҳои корию расмӣ анҷом доданд, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳузур пазируфта шуда, зимни суҳбатҳо роҷеъ ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Русия ибрози назар сурат гирифт.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ низ, якчанд мулоқот бо шахсони расмии Федератсияи Русия, аз ҷумла 1 ноябр бо Муовини раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералӣ ва 16 ноябр дар Бишкек бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералӣ, доир кард.
Дар ин марҳила ду мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия дар Душанбе (6 июн) ва Москва (19 июн) баргузор шуд, ки зимни онҳо рафти татбиқи созишҳои дар сатҳи олӣ дар самтҳои гуногуни ҳамкорӣ ба даст омада, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҳамкориҳои гуманитарии ҷонибҳо дар ҳоли рушд қарор доштанд. Дар ин росто 6-13 июл Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон бо барномаҳои ҷолиби ҳунарӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд доир гардид.
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қазоқистон (3-4 май) ба рушди минбаъдаи муносибатҳои стратегии дуҷониба такони мусбат бахшид. Дар давраи минбаъдаи соли сипаришуда, тамосҳои сиёсӣ, табодули ҳайатҳои иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангӣ бомаром тавсеа ёфтанд, ки ин заминаи хубест ҷиҳати густариши робитаҳои ҳасана бо ин кишвари барои мо муҳим.
Мулоқотҳои президентҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки дар соли сипаришуда дар ҳошияи ҳамоишҳои байналмилалӣ 4 маротиба (18 май, ш. Сиан, 19 июл, ш.Ҷидда, 14 сентябр Душанбе ва 9 ноябр дар ш. Тошканд) доир гаштанд, ба муҳокимаи маҷмӯи васеи масоили дӯстӣ, ҳамҷаворӣ ва ҳамкории дуҷониба бахшида шуданд.
Ҷиҳати тақвияти онҳо ва ба мақсади татбиқи муоҳидаҳои дар сатҳи олӣ бадастомада, Вазорат фаъолияти худро дар ин ҷода ба ҳамоҳангии иқдомҳои вазорату идораҳои кишвар равона намуд.
Муносибатҳо бо Туркманистон дар партави созишҳое, ки қаблан дар сатҳи олӣ ҳосил шуда буданд, бомаром рушд ёфта истодаанд. Муколамаи сатҳи олӣ, ки дар рафти сафарҳои давлатӣ ва кории Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон ва сафари кории Сарвари давлати Тоҷикистон ба Ашқобод заминаи устувори таҳкими робитаҳоро дар ҳама арсаҳо фароҳам меорад. Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муовини раиси Девони вазирони Туркманистон 28 ноябр ва вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Президенти Туркманистон 1 ноябр дар Ашқобод доиршуда, инъикоси таваҷҷуҳи вежаи ҷонибҳо ба татбиқи амалии зарвиятҳои ҳамкориҳои дарозмуддат мебошад.
Соли гузашта ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Тоҷикистон ва Беларус идома ёфтанд.
22 ноябр Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Беларус бо Президенти он кишвар мулоқот намуда, вазъи кунунӣ ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангию башардӯстонаро баррасӣ карданд.
Робитаҳо бо Озарбойҷон мунтазам густариш ёфта, таваҷҷуҳи бештар ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию гуманитарӣ зоҳир гардид.
Меҳвари онҳоро муколамаи пайвастаи сатҳи олӣ ташкил медиҳад, ки соли сипаришуда зимни сафарҳои давлатии Президенти Озарбойҷон ба Тоҷикистон моҳҳои апрел ва сентябр ва инчунин 24 ноябр дар Боку дар доираи иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Саммити Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) доир гаштанд. Вазорат ҷиҳати тавсеаи ин робитаҳои судманд тавассути ташкили мулоқотҳои сатҳҳои мухталиф, инчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва доираҳои ҷамъиятиву соҳибкорӣ кӯшишҳои муайяне ба харҷ дод.
Баррасии вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, махсусан ҳалли масъалаҳои марзӣ меҳвари асосии муколамаи сатҳи олӣ бо Қирғизистон маҳсуб ёфта, дар соли сипаришуда чор мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо роҳбари он кишвар доир шуданд.
Мавқеи усулӣ ва созандаи Тоҷикистон вобаста ба Афғонистон, ки бар мабнои ҷонибдорӣ аз ташкили ҳукумати ҳамашумул бо иштироки намояндагони ҳамаи миллатҳо ва гурӯҳҳои сиёсии Афғонистон, ҷалби таваҷҷуҳ ва иқдомҳои ҷомеаи байналмилалӣ барои бартарафсозии вазъи фоҷеабори он кишвар, инчунин муборизаи муассир ва бидуни бархурдҳои дугона бар зидди терроризм ташаккул ёфтааст, бетағйир боқӣ мемонад.
Ин мавқеъ ҳамрадиф бо ниятҳои ҳусни ҳамҷаворӣ бо Афғонистон дар ҳамаи арсаҳои байналмилалӣ аз ҷониби Тоҷикистон изҳор гардида, ҳамчунин ҷиҳати расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми он кишвар, аз ҷумла тавассути зарфиятҳои логистикии Тоҷикистон, даъват ба амал оварда мешавад.
Дар ин росто, бо дастури бевоситаи Президенти кишвар ба мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон дар ҳаҷми зиёда аз 3000 тонна кумаки башардӯстона фиристода шуд.
Бо ибрози қаноатмандӣ метавон қайд кард, ки муносибатҳо бо Эрон сол то сол тамоюли рушди устувор ва афзоишёбандаро касб кардааст.
Бешубҳа, сафари расмии Президенти Эрон ба Тоҷикистон дар соли сипаришуда (8 ноябр) ба раванди ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба такони нав бахшид. Зимни мулоқоти сарони ду давлат дар фазои ҳусни эътимоду тафоҳум доираи васеи масъалаҳои муҳимми ҳамкориҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд ва аз натиҷаи музокирот 19 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Робитаҳои фаъоли сиёсӣ миёни ду давлат ҳамчунин дар ҳошияи чорабиниҳои бисёрҷониба идома ёфтанд. Аз ҷумла, вохӯриҳо дар сатҳи олӣ 19 сентябр дар Ню Йорк ва миёни вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон 13 апрел дар Самарқанд, ки фарогири муҳокимаи ҳамаи ҷанбаҳои муносибатҳои дуҷониба буд, намунаи возеҳи ин гуфтаҳост.
Қобили қайд аст, ки соли гузашта ба мақсади омодагии ҳамаҷониба ба сафари расмӣ, инчунин ҷиҳати табодули таҷриба, боздиди ҳайатҳои кории Тоҷикистону Эрон аз кишварҳои якдигар сурат гирифта, масоили вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодию гуманитарӣ, авиатсияи гражданӣ ва мудофиа мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Раванди рушду таҳкими муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо кишварҳои арабӣ идома ёфт.
Сафари давлатии Амири Қатар ба Тоҷикистон (8 июн) аз рӯйдодҳои муҳим дар равобити ду давлат ба ҳисоб меравад. Зимни мулоқоти хоссаи сарони ду давлат ва музокироти васеъ, маҷмӯи муносибатҳои дуҷониба ва фароҳамсозии заминаҳои ҳуқуқӣ барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо муҳокима шуд.
Дар муносибатҳои Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ, баргузории ду сафари кории Президенти Тоҷикистон ба он кишвар бозгӯ аз тамоюли густаришёбандаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сармоягузорӣ, бонкдорӣ, роҳу нақлиёт, марказҳои логистикӣ, кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ҳалол, рушди савдо ва сайёҳӣ аст.
Бояд махсус қайд намуд, ки зимни сафари кории раиси иҷроияи Фонди саудӣ оид ба рушд ба Тоҷикистон (2-4 декабр), созишномаи қарзӣ барои маблағгузории лоиҳаи НБО Роғун дар ҳаҷми 100 млн. доллари ИМА ба имзо расид, ки ин таваҷҷуҳи кишварҳои арабӣ ба бахши сармоягузорӣ дар кишварро собит мекунад. Вазорат ҷиҳати амалишавии чунин иқдоми муҳим дар татбиқи ин лоиҳаи барои кишварамон тақдирсоз кӯшишҳои зиёде ба харҷ дод.
Дар соли сипаришуда Созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди саудӣ оид ба рушд доир ба марҳилаи 5-уми лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳои миёна» ба имзо расид, ки марҳилаи татбиқ 5 сол ва арзиши умумии он 20 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, пурра аз ҳисоби маблағҳои қарзи имтиёзноки Фонд пардохт мегардад.
Дар давраи ҳисоботӣ музокироти сатҳҳои олӣ ва баланд бо Алҷазоир ва Фаластин сурат гирифтанд, ки ба масъалаи омӯзишу баррасии роҳандозии ҳамкориҳо дар соҳаҳои барои тарафайн муфид равона гардиданд.
Дар самти ҳамкориҳо бо Аморатҳои Муттаҳидаи Арабӣ 2 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай дар доираи Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP-28) Вазири давлатии он кишварро ба ҳузур пазируфтанд. Роҳбари давлат оид ба густариши ҳамкориҳо дар самтҳои сармоягузорӣ ва дигар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб манфиатдор ибрози ақида намуданд.
Ҳамзамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 19 июл дар шаҳри Ҷидда дар нишасти нахустини сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷи форс иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Туркия, аз ҷумла дар бахши иқтисоду тиҷорат, бо назардошти равандҳои қаблӣ дар ҳоли рӯ ба густариш қарор доранд.
Зимни вохӯриҳо бо мақомоти бахши сармоягузории он кишвар тамаркузи асосӣ ба вазъи кунунӣ ва имконияти рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду соҳибкорӣ ва илму фанноварӣ карда шуда, роҷеъ ба андешидани роҳҳои нави тавсеаи онҳо табодули афкор сурат гирифт.
Раванди муносибатҳо бо кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ором дар ҳоли густариш арзёбӣ мегардад.
Дар давраи ҳисоботӣ сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин (16-19 май), сафарҳои расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ (20-23 август) ва вазири корҳои хориҷии кишвар ба Чин (24-27 апрел), сафари ҳайати чинӣ бо роҳбарии муовини раиси Кумитаи доимоамалкунандаи Маҷлиси умумичинии вакилони мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мулоқотҳои дигари сатҳҳои мухталиф ҷиҳати баррасии вазъи кунунии муносибатҳо, тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои нақлиёт, энергетика, саноат, илму маориф, тандурустӣ, мудофиа ва амният ва таҳкими пояи қарордодиву ҳуқуқии робитаҳо мусоидати муассир намуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ муносибатҳои Тоҷикистон бо Корея ва Ҷопон бо тамаркуз ба густариши бахшҳои иқтисодӣ идома ёфта, табодули ҳайатҳои гуногунпоя ва раванди дарёфти абзору василаҳои нави ҳамкорӣ сурат гирифт. Бо Ҷопон чаҳор созишномаҳои грантӣ ба маблағи беш аз 450 000 доллари ИМА ба имзо расонида шуд.
Дар самти муносибатҳои Тоҷикистон бо Малайзия, Индонезия ва Тайланд ба мақсади ба роҳ мондани роҳҳои ҳамкорӣ ва пайгирии масоили муҳимми дуҷониба дар соҳаҳои саноат ва технологияҳои нав, барқарории муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Путраҷая, роҳандозии робитаҳо бо Маркази таҳқиқоти стратегӣ, донишгоҳҳо ва бахши хусусӣ иқдомҳо сурат гирифтанд.
Масъалаҳои ҳамкорӣ бо Покистон дар мулоқотҳои сатҳи олӣ дар Ню Йорк ва Тошканд, инчунин дар сатҳҳои дигар, минҷумла музокироти вазирони корҳои хориҷӣ ду маротиба баррасӣ шуданд, ки бори дигар азми ҳар ду ҷонибро барои тавсеаи минбаъдаи онҳо собит сохтанд.
Дар давраи ҳисоботӣ ба мақсади тақвияти робитаҳои сиёсӣ ва густариши ҳамкорӣ дар самтҳои муҳимми иқтисодию тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Ҳиндустон, тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, пешниҳодҳои мавзӯӣ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ манзур гардид. Дар ин давра мулоқоти намояндагони бахши хусусии Ҳиндустон бо мақомоти ҷумҳурӣ дар соҳаҳои саноату сармоягузорӣ, тандурустӣ ва энергетика танзим карда шуд.
Вазорат фаъолияти худро дар самти таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупо ва Америка идома дода, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор кардани чорабиниҳои дуҷониба ва ташрифи ҳайатҳо мусоидат намуд.
Зимни мулоқотҳои вазири корҳои хориҷӣ бо котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка (28 феврал, Остона) ва муовини котиби вай (19 сентябр, Ню-Йорк), сатҳи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба баррасӣ гардида, атрофи масоили амниятӣ, бахусус вазъ дар Афғонистон ва дигар мавзӯъҳои умдаи глобаливу минтақавӣ суҳбат доир шуд.
Соли гузашта сафарҳои шахсони расмии ШМА, аз чумла намояндагони конгресс ва сенат (10-11 август), ҳайати Дафтари котиботи давлатӣ дар самти мубориза бар зидди терроризм (4-6 сентябр) ба Тоҷикистон доир гардиданд. Зимни мулоқотҳо бо вазири корҳои хориҷӣ ва роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва амниятӣ баррасӣ карда шуданд.
Дар нахустин Муколамаи сиёсӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ, иттиҳод ва рушди Британияи Кабир (30 март, Лондон) масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, авиатсияи гражданӣ, ҳифзи муҳити зист, маориф ва илм, муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар мавзуоти муҳимми ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардиданд.
Зимни вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо вазири давлатӣ дар умури Аврупои Британияи Кабир (3 июл) перомуни масоили умдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун гуфтугӯ сурат гирифта, зарурати тақвияти бештари заминаи шартномавии равобит миёни ду кишвар таъкид гардид.
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Берлин (29 сентябр) ба рушди муносибатҳои гуногунҷанба бо Олмон такони нав бахшид. Зимни сафар мулоқоти Сарвари давлат бо Президенти Олмон, Канслери федеролӣ ва ноиби ӯ доир карда шуд. Масоили таҳкиму густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва робитаҳои бисёрҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар давраи ҳисоботӣ Президенти Тоҷикистон Котиби давлатии вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд (14 август) ва Мудири иҷроияи Кумитаи шарқии иқтисоди Олмонро (6 сентябр) ба ҳузур пазируфта, перомуни масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои муҳимми иқтисодӣ ибрози назар карданд.
Ташрифи ҳайати расмии Ҷумҳурии Чех ба Тоҷикистон бо роҳбарии вазири саноат ва савдо, инчунин соҳибкорони он кишвар, иштироки он дар нишасти дуюми Гурӯҳи доимамалкунанда оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисод ва саноат байни ду кишвар ва намояндагони бахши хусусӣ дар Форуми тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Чехия натиҷаи иқдомҳои пайвастаи ҷониби мо ҷиҳати таҳкими робитаҳо бо ин кишвар мебошад.
Масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои сиёсӣ, бахшҳои мухталифи иқтисодӣ ва гуманитарӣ дар мулоқоти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Нидерланд дар Ню- Йорк (22 март) мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Рӯйдоди дигар дар муносибатҳо бо ин кишвар, ин баимзорасии Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Нидерланд буд, ки аз тарафи вазирони корҳои хориҷӣ сурат гирифт.
Ташрифи вазири корҳои хориҷии Сербия ба Тоҷикистон, мулоқотҳои вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Маҷористон дар Ню-Йорк ва Люксембург бо имзои Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар доираи Барномаи бурсиявии Маҷористон барои солҳои 2023-2025, инчунин муовинони онҳо дар ҳошияи Анҷумани соҳибкорони ду кишвар дар Будапешт руйдодҳои назаррасе буданд дар таҳкими равобит бо ин кишварҳо дар соли сипаришуда.
Пайгирии масъалаҳои ҳамкорӣ бо ҷонибҳои Финландия, Италия ва Фаронса тавассути машваратҳои сиёсӣ ва дигар иртиботи дипломатӣ идома ёфта, дар ин росто мулоқотҳои вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо вазири Аврупо ва корҳои хориҷии Фаронса ва вазири корҳои хориҷии Италияро (10 ноябр, Париж) метавон махсус ёдовар шуд, ки дар натиҷаи онҳо як зумра муоҳидаҳои муҳиме ба даст омаданд, ки дар соли оғозшуда идомаи мантиқӣ пайдо хоҳанд кард.
Дар самти робитаҳо бо дигар кишварҳои Аврупо мулоқотҳои вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро бо ҳамтоёни худ аз Шветсия ва Кибрис ва ба имзо расидани Ёддоштҳои тафоҳум оид ба машваратҳои дуҷониба байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ин кишварҳо метавон ёдовар шуд.
Маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Шӯрои Аврупо (2 июн, ш. Чолпон-Ата) мавриди муҳокима қарор гирифт.
Вазири корҳои хориҷӣ дар Люксембург дар ҷаласаи 10-уми Шурои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва ИА иштирок карда, дар ҳошияи ин чорабинӣ мулоқотҳо бо намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ ва раиси Кумитаи муносибатҳои байналмилалии Парлумони Аврупо доир гардиданд.
Ҳамчунин 25 октябр дар Брюссел дар ҳошияи форуми “Дарвозаи ҷаҳонӣ” Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ эъломияро оид ба ихтисос додани маблағ дар ҳаҷми 30 млн. евро ҷиҳати рушди таҳсилоти касбию техникӣ дар Тоҷикистон имзо карданд.
Фаъолияти вазорат ҳамчунин ҷиҳати таҳкиму густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба бо кишварҳои ҷаҳон дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ бомаром идома дода шуд.
Дар ҳошияи Конфронси оби СММ (21 март) ва иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии СММ (18 сентябр) мулоқотҳои Президенти Тоҷикистон бо Дабири кулли созмон доир шуд, ки зимни онҳо роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои об, тағйирёбии иқлим, рушди иқтидори тавлиди “неруи сабз”, қабули қатъномаи МУ СММ аз рӯйи ташаббуси панҷуми Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва ғайра табодули афкор сурат гирифт.
Атрофи дигар масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милал ва зерниҳодҳои он дар вохӯриҳои Пешвои миллат бо Раиси иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ ва мудири иҷроияи UNICEF (Хазинаи кудакони СММ) низ сӯҳбат ороста шуд.
Дар суханрониҳои Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар чорабиниҳои канории иҷлоси Маҷмаи умумии Созмони Милал, аз ҷумла Муколамаи сатҳи баланд оид ба маблағгузории соҳаи рушд, нишасти солонаи Гурӯҳи кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ, мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Муколамаи ҳамкории Осиё, вохӯрии ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва ҷаласаи сатҳи вазирон оид ба омодагӣ ба Саммити Оянда, ҷаласаи 15-уми муштараки Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Анҷумани кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, мавқеъ ва ҳадафҳои ҷумҳурӣ роҷеъ ба масъалаҳои муҳимми таъмини амният ва обу иқлим иброз гардид.
Вазир аз ҳозирин ҷиҳати иштироки фаъол дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки моҳи июни соли равон баргузор мегардад, даъват ба амал овард.
Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ, ки 12 декабр дар вазорат ба имзо расид, уҳдадории тарафҳоро роҷеъ ба татбиқи Нақшаи стратегӣ барои солҳои 2023-2026 тасдиқ намуда, раванди ҳамкориро дар доираи татбиқи Нақша танзим мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Саммити Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (SPECA) (24 ноябр, ш.Боку) пешниҳод намуданд, ки SPECA ҷиҳати таъмини рушди иқтисодӣ ва энергияи сабз, ҳамгироии минтақавӣ, пешгирии таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба бахшҳои иқтисоди миллӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи хосса зоҳир намояд.
Соли сипаришуда ду мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо сурат гирифт, ки зимни онҳо масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби се ченак – низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитзистӣ ва инсонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Қобили зикр аст, ки дар самти ҳамкорӣ бо Созмони ҳамкории Шанхай бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор оид ба Стратегияи рушди иқтисодии созмон то соли 2030 қабул гардид.
Дар ин марҳила тамаркузи асосӣ ба таҳия ва коркарди ҳуҷҷатҳои Саммити давлатҳои СҲШ, Шӯрои сарони ҳукуматҳо, ҷаласаҳои навбатӣ ва ғайринавбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ СҲШ равона гардид.
Вазорат дар соли сипаришуда саъй кард то ҳамкориҳои Тоҷикистон доираи ИДМ ва СААД бо рушди мунтазам ва устувор идома дода шавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ (13 октябр дар ш. Бишкек) перомуни масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ инчунин авлавиятҳои ҷумҳурӣ дар мавриди масоили амниятӣ бо тамаркуз ба вазъият дар Афғонистон ибрози андеша карданд, ки Вазорат дар таҳияи ин пешниҳодҳо нақши муассир дошт.
Рӯйдоди муҳим дар робита бо СААД дар марҳилаи ҳисоботӣ ин ҷоннок шудани фаъолият дар самти таҳияи Барномаи мақсадноки таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон мебошад, ки умед аст соли шурӯъшуда расман қабул гардад.
Дар шаҳри Душанбе баргузор шудани Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ва Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар доираи он 16 чорабинии муштараки канорӣ дар бахшҳои мухталифи ҳамкорӣ, аз ҷумла Намоишгоҳи байналмилалии истеҳсолкунандагон - «ЭКСПО Осиёи Марказӣ 2023» ташкил карда шуд, яке аз дарстовардҳои назарраси Вазорат дар соли сипаришуда мебошад, зеро ки дар таҳияи пешниҳодҳо ва консепсияи баргузории ҳар яки онҳо ва ба тақвими Вохӯрӣ воридсозиашон нақши Вазорат муҳим буд.
Ҳамкориҳо дар қолаби Осиёи Марказӣ + 1 дар ҳамаи самтҳои он дар соли гузашта идома дода шуд.
Вазорат ба талошҳои ҳамгироёна дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим дар доираи СММ, аз ҷумла ташкили Конфронси сеюми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки 10-13 июни соли 2024 ва татбиқи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ эълон гардид ба нақша гирифта шудаанд, омодагии ҷиддӣ мебинад.