17 феврали соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мурат Нуртлеу сӯҳбати телефонӣ анҷом дод.
Вазирон масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистонро бо тамаркуз ба тамосҳои дарпешитодаи сатҳи олӣ ва баланд баррасӣ карданд.