17 феврали соли 2024 мулоқоти телефонии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов баргузор гардид.
Вазирон масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро бо тамаркуз ба тамосҳои дарпешитодаи сатҳи олӣ ва баланд баррасӣ карданд.