Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо проректори Донишгоҳи молиявӣ

20.02.2024 14:33

19 феврали соли 2024 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо проректори Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Федератсияи Русия Дмитрий Семёнов баргузор гардид.

Зимни мулоқот табодули афкор роҷеъ ба таҷрибаи мусбати ҳамкориҳои бисёрсола дар тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои молия, технологияҳои иттилоотӣ ва дигар соҳаҳо сурат гирифт.

Ҳамчунин, дар мулоқот дурнамои ҳамкориҳо барои фароҳам овардани шароити муносиб ҷиҳати фаъолияти илмию таълимии донишҷӯёни тоҷик баррасӣ шуд.

Қобили тазаккур аст, ки теъдоди донишҷӯёни тоҷик миёни дигар донишҷӯёни хориҷӣ, ки дар донишгоҳи мазкур таҳсил мекунанд, аксариятро ташкил дода, айни замон зиёда аз 220 нафар мерасад.

Дар рафти мулоқот бо донишҷӯёни тоҷикистонии ин мактаби олӣ Д. Гулмаҳмадзода дар мавзӯи дастовардҳои Тоҷикистон дар давраи истиқлолият, таблиғи худшиносӣ, ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон сӯҳбат орост. Дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароҳамсозии шароити мусоид барои таҳсил ва рушди минбаъдаи ҷавонон ба вижа таъкид гардид.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим