20 феврали соли 2024 дар ш. Боку вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо иҷрокунандаи вазифаи президенти ҶСП “Azerbaijan Airlines” Самир Рзаев баргузор гашт.
Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ, аз ҷумла барқарор намудани парвозҳо дар хатсайри Боку-Душанбе-Боку баррасӣ гаштанд. Ҷонибҳо иқдомҳои минбаъадаро оид ба рушди ҳамкориҳо дар самти мазкур мушаххас намуданд.
Вохӯрӣ дар фазои мусбат ва дустона сурат гирифт.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan