Сафари корӣ ба музофоти федеролии Бранденбург

21.02.2024 17:42

20 феврали соли 2024 сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов ба музофоти федеролии Бранденбург сафари корӣ анҷом дод.

Сафири Тоҷикистонро дар доираи ин боздид муовини Сарвазир, вазири иҷтимоӣ, тандурустӣ, ҳамгироӣ ва ҳифзи истеъмолкунандагони Бранденбург Урсула Нонненмахер ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти вохӯрӣ ҳамсуҳбатҳо ҳавасмандии худро ба фаъолсозӣ ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои мухталиф баён карданд.

Дар вохӯрӣ бо мудири иҷроияи Агентии рушди иқтисоди Бранденбург (WFBB) Себастиан Сауле роҷеъ ба роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои сармоягузорӣ, иқтисоду тиҷорат, саноат, нерӯи таҷдидпазир ва танзими чорабиниҳои муштарак табодули назар сурат гирифт.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим