21 феврали соли 2024 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо муовини якуми вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ Валид Ал-Хурайҷӣ мулоқот намуд.
Зимни мулоқот паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Ходими ҳарамайни шарифайн - Шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Олии Сауд супорида шуд.
Инчунин, ҷонибҳо дар бораи ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ табодули назар карданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan