Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон

02.03.2024 19:28

02.03.2024.19.33.jpg

2 марти соли 2024 дар доираи баргузории Форуми дипломатии Анталия,  вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Жээнбек Кулубаев мулоқот намуданд.

Ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои равобити дуҷониба, аз ҷумла раванди фаъолияти комиссия оид ба масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатиро муҳокима намуданд.

Зимнан вазирон бори дигар ҳавасмандии ҷонибҳоро ҷиҳати ҳалли зудтари масъалаҳои сарҳадӣ, ки аз дастурҳои роҳбарияти олии ду кишвар бар меоянд, таъкид карданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим