22 марти соли 2024 дар ҳошияи чорабинии сатҳи баланди “Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии об 2024” ҳайатҳои кишварҳои ҳамраисони Конфронси оби СММ 2023 таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини вазири инфрасохтор ва оби Шоҳигарии Нидерланд дар макони баргузории ҳамоиши соли гузашта вохӯрӣ намуда, бори дигар аз аҳаммияти шарикии бомуваффақи ҷонибҳо дар ин конфронси таърихӣ ёдовар шуданд.
Дар рафти дидор роҳбарини ду ҳайат зарурати пайгирии раванди татбиқи Рузномаи амали об ва дастгирии иҷрои ӯҳдадориҳои ихтиёрии Конфронси соли гузаштаро тазаккур доданд.
Ҷамъомад бо мулоқоти роҳбарони ҳайатҳои ҳарду ҷониб ва маросими аксбардорӣ ба итмом расид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan