23 апрели соли 2024 дар Муассисаи давлатии таълимии "Мактаби миёнаи №35"-и шаҳри Минск бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус чорабинии тантанавӣ бахшида ба хотираи фарзанди барӯманди тоҷик, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Домулло Азизов баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ иштирокдорон аз утоқи ёдгории Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Домулло Азизов дидан намуда, ба пояи нимпайкараи ӯ гулчанбар гузоштанд.
Директори ин муассиса Мазол О.И. ва омӯзгорону хонандагони мактаб меҳмононро хайрамақдам гуфта, дар бораи ҳаёт ва корнамоиҳои Д.Азизов суханронӣ намуданд.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода дар толори маҷлисгоҳи мактаб оид ба корнамоии тоҷиконе, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар набардҳо барои озод намудани сарзамини Беларус аз истилогарони фашистӣ фаъолона иштирок карда, қисми онҳо дар майдони ҷанг абадӣ монданд, суханронӣ намуд.
Сипас, дар назди ҳозирин директори ансамбли эстрадии оркестри симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Солизода ибрози андеша кард.
Ӯ илова намуд, ки Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ самараи ваҳдат, бародарӣ ва муттаҳидии тамоми мардуми шӯравӣ буда, хотираи мардонагӣ ва матонати сарбозони оддӣ–халқҳои бародар, ки китф ба китф ҷангида, дар мубориза бар зидди фашизм ҷон бохтанд, бояд пос дошта шаванд.
Қисмати фарҳангии ин чорабиниро хонандагони мактаб бо суруди тоҷикии «Кабутараки сафедам» ифтитоҳ намуданд, ки бо кафкӯбиҳои бардавоми иштирокдорон истиқбол гирифта шуданд. Сипас барномаро сарояндагони боистеъдод, навозандагон, инчунин, ҳунармандони шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасан Ҳайдар, Парвин Юсуфӣ ва дигар ситораҳои эстрадаи тоҷик идома дода, бо маҳорати худ ба ҳайати омӯзгорону хонандагони мактаб таассурот ва эҳсосоти фаромӯшнашаванда бахшиданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan