Ҷаласа бо ҳайати Вазорати корҳои хориҷии Чин

27.04.2024 16:56

27 апрели соли 2024 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин бо роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар Сун Вэйдун баргузор гардид.

Дар мулоқот самтҳои афзалиятноки муносибатҳои дуҷонибаи шарикии стратегии ҳамаҷониба, ҳамкориҳо дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, ҳамчунин дурнамои робитаҳо дар ҳошияи механизми навтаъсиси “Осиёи Марказӣ-Чин” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни нишаст роҷеъ ба таҳкиму тавсеаи талошҳои муштарак ҷиҳати мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм табодули назар сурат гирифт.

 

 

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим