Мулоқот бо вазири корҳои ҷамъиятӣ ва манзилии Ҷумҳурии Индонезия

30.04.2024 17:23

30.04.2024.17.10.jpg

29 апрели соли 2024 Ардашер Қодирӣ, сафири Тоҷикистон бо вазири корҳои ҷамъиятӣ ва манзилии Ҷумҳурии Индонезия Басуки Ҳадимулҷоно,  мулоқот намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Индонезия ва чорабиниҳои дарпешистода дар соҳаи дипломатияи обиро баррасӣ намуданд.

Таваҷҷуҳи асосии мулоқот ба 10-умин Форуми ҷаҳонии об, ки баргузории он рӯзҳои 18-25 майи соли 2024 дар шаҳри Балии Индонезия ва Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» (10-13 июни соли 2024, Душанбе) дар назар мебошанд, зоҳир гардид.

 

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим