30 июни 2016 номзадии Маҳмадамин Маҳмадаминов, Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ ба вазифаи Муовини Раиси Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои соли 2017 аз ҷониби Гуруҳи Осиё ва Уқёнуси Ором, ки аз 55 кишвар иборат мебошад, бо иттифоқи оро дастгирӣ ёфтааст
Сохтори ЭКОСОC аз Раис ва 4 муовинони ӯ иборат мебошад.
14 июни 2016 зимни интихоботи аъзоёни нави Шӯрои мазкур барои солҳои 2017-2019 номзадии Тоҷикистон дар қатори Хитой, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Корея аз Гуруҳи Осиё ва Уқёнуси Ором, соҳиби 183 овоз гардида, бори аввал дар таърихи худ ба узвияти Шӯрои мазкур барои солҳои 2017-2018 интихоб шуд.