Вохӯрӣ бо Президент ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арманистон

02.07.2016 16:38

2 июли соли 2016 сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ба Ҷумҳурии Арманистон баргузор гардид.

Зимни сафар, мулоқоти ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян ва Вазири  корҳои хориҷии ин кишвар Эдвард Налбандян доир гардид.

Дар рафти мулоқот, ҷонибҳо доираи васеъи ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор дода, доир ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмиллалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ҷонибҳо оид ба тасмимгирӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи робитаҳои сиёсии дуҷониба, равобити байнипарламентӣ, инчунин тавсеаи ҳамкориҳо оид ба доираи васеи муносибатҳои мутақобилаи иқтисодӣ ва гуманитарӣ  ибрози назар карданд. 

Вохӯрӣ бо Президент ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арманистон

Вохӯрӣ бо Президент ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арманистон

Вохӯрӣ бо Президент ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арманистон

Вохӯрӣ бо Президент ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арманистон

Нигористон

Тақвим