Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД

04.07.2016 18:10

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  С.Аслов дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки 4 июл дар ш.Ереван баргузор гардид, ширкат намуд.

Роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷӣ роҷеъ ба масъалаҳои мубрами сиёсати байналмилалӣ ва тадбирҳо оид ба пешгирӣ намудани чолишу хатарҳо дар минтақаи масъулияти СААД мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамзамон, қарорҳо оид ба беҳтар намудани фаъолияти минбаъдаи Созмон ва таҳкими иқтидори он қабул карда шуданд.

Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД

Нигористон

Тақвим