Ҷаласаи Кумитаи байналмилалии машваратии (КБМ) Раванди оби Душанбе

09.06.2024 20:37

9 июни соли 2024 дар арафаи баргузории Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028 ҷаласаи Кумитаи байналмиллалии машваратии (КБМ) Раванди оби Душанбе баргузор гардид.

Ҷаласа зери роҳбарии ҳамраиси КБМ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо иштироки аъзои доимии КБМ ва намояндагони онҳо, меҳмонони даъватшуда ва дигар тарафҳои манфиатдор баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ аъзои Кумитаи байналмилалии машваратӣ шарҳу пешниҳодҳои худро оид ба ҷамъбасти санади ниҳоии Конфронси 3-юми даҳсолаи байналмилалии амал оид ба об, ки аз ҷониби хонум Келли Энн Нейлор, мушовири байналмилалӣ оид ба омодагӣ ва баргузории конфронс ироа гардида буд, баррасӣ ва пешниҳод намуданд. Лоиҳаи ибтидоии санади ниҳоӣ дар моҳи майи соли ҷорӣ ба кишварҳои узви СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор паҳн карда шуд.

Дар аввалҳои моҳи июн пас аз дарёфти шарҳ ва пешниҳодҳои давлатҳо ва созмонҳо, аз ҷумла аъзоёни Кумитаи байналмилалии роҳбарикунандаи Раванди оби Душанбе ва Кумитаи роҳбарикунандаи Гурӯҳи “Дӯстони об” дар СММ ва дигар коршиносони манфиатдор лоиҳаи санад ба анҷом расид.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan


Созмони Миллали Мутаҳид

Нигористон

Тақвим