7 июли соли соли 2016 Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ Кордори Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озҷан Гултекинро ба ҳузур пазируфт.
Атрофи масъалаҳои мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва тавсеаи ин қабил ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳошияи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ табодули назар сурат гирифт.
Дар рафти суҳбат ҳамчунин ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, саёҳат, илму маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.