11 июли соли 2016 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Роҳбари навтаъйини Дафтари UNHCR дар Тоҷикистон Вито Траниро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо таҳким ва густариши ҳамкориҳои минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва UNHCR-ро роҷеъ ба пешбурди масъалаҳои марбут ба паноҳандагон ва шахсони бешаҳрвандӣ ва дигар мавзӯъҳои таваҷҷуҳи тарафайн мавриди баррасӣ қарор доданд.