Супоридани Эътимоднома ба Президенти Қирғизистон

12.07.2016 17:14

12 июли соли 2016 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Сӯҳроб Олимзода эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев супорид.

Зимни супоридани эътимоднома Сафири Тоҷикистон паёму дуруд ва таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев расонд.

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев дар ҷараёни суҳбат бо сафирони тозатаъин дар мамлакат, аз ҷумла ба масоили вобаста ба таҳким ва густариши робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судбахш таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд.

Супоридани Эътимоднома ба Президенти  Қирғизистон

Нигористон

Тақвим