Барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ бо Ҷумҳурии Эквадор

13.07.2016 11:41

12 июли соли 2016 дар ш.Ню-Йорк маросими ба имзо расонидани Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Эквадор баргузор гардид.

Баёнияи муштаракро дар ин хусус аз ҷониби Тоҷикистон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва аз ҷониби Ҷумҳурии Эквадор Намояндаи доимии он кишвар дар СММ Ҳоратсио Севилла Борҷа ба имзо расониданд.

Барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ бо Ҷумҳурии Эквадор

Нигористон

Тақвим