Маросими супоридани нусхаи Эътимодномаи Сафири Ҳиндустон

15.07.2016 10:52

15 июли соли 2016 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Сомнатҳ Гош нусхаҳои Эътимодномаи худро ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов супорид.

Дар суҳбате, ки пас аз маросими супоридани нусхаҳои Эътимоднома баргузор шуд, ҷонибҳо перомуни ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон, бахусус роҳҳои татбиқи амалии натиҷаҳои музокироти сатҳии олии ду кишвар, ки моҳи июли соли 2015 дар Душанбе сурат гирифт, табодули назар карданд. Сироҷидин Аслов изҳори умед намуд, ки Сафири нави Ҳиндустон ҷиҳати рушди беш аз пеши ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвари дӯст саҳми назаррас хоҳад гузошт.  

Сафир Сомнатҳ Гош бар ҷойгоҳи хосси Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии кишвараш таъкид намуда, изҳор дошт, ки тамоми кӯшиши худро барои рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо бар асоси принсипҳои дӯстӣ ва муносибатҳои шарикии Ҳиндустон ва Тоҷикистон равона хоҳад кард.

Вазири корҳои хориҷӣ ба Сафири Ҳиндустон дар фаъолияти дипломатияш дар Тоҷикистон комёбиҳо таманно кард.

Маросими супоридани нусхаи Эътимодномаи Сафири Ҳиндустон

Нигористон

Тақвим