15 июли соли 2016 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаҷиме Китаокаро ба муносибати супоридани нусхаи Эътимоднома ба ҳузур пазируфт.
Пас аз анҷоми маросими супоридани Эътимоднома мулоқоти дуҷониба баргузор гардид. Зимни мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сироҷидин Аслов бо изҳори қаноатмандӣ иброз намуд, ки таъйини ҷаноби Ҳаҷиме Китаока ба ҳайси нахустин Сафири Фавқулъода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқоматгоҳ дар Душанбе яке аз рӯйдодҳои таърихан муҳими муносибатҳои дуҷониба мебошад.
Дар фарҷом Вазири корҳои хориҷӣ Сафири Ҷопонро ба муносибати таъйин шудан ба мақоми пурмасъул табрик намуда, ба ӯ дар адои фаъолияташ дар Душанбе муваффақиятҳо таманно кард.