Мулоқот бо Дабири кулли СААШ

15.07.2016 16:23

15 июли 2016 мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия ва Иттиҳоди Аврупо Эркинхон Раҳматуллозода бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) Йенс Столтенберг баргузор гардид. Ҳангоми мулоқот Э. Раҳматуллозода эътимодномаи худро ба ҳайси Намояндаи Доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СААШ ба Дабири кулли Созмон тақдим кард ва паёму дурудҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмонро расонид.

Дар суҳбати пас аз ин маросим суратгирифта мавзӯоти зиёди мавриди эҳтимоми тарафайн, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, тақвияти амнияти марзӣ, таҳкими ҳамоҳангӣ дар мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, ҳамкорӣ дар амри аз минаҳо тоза намудани қаламрави кишвар, банақшагирии вокуниш ба ҳаводиси фавқулода ва кумак ба осебдидагони офатҳои табиӣ, инчунин ҳамкориҳо дар чаҳорчӯбаи барномаи илмии СААШ баррасӣ гардиданд.

Йенс Столтенберг баъд аз ибрози сипос ба паёму дурудҳои Сарвари давлат таъкид намуд, ки Созмон дар чаҳочӯбаи барномаи “Шарикӣ баҳри сулҳ”, ки Тоҷикистон узви он аст, омодаи расонидани кумакҳо дар бахшу соҳаҳои ҳамоҳангшуда аст.

Бо иртибот ба натиҷаҳои Саммити чанд рӯз қабл дар Варшава суратгирифтаи СААШ, ки дар он масъалаи тақвияти сулҳу субот дар Афғонистон аз мавзуъҳои калидӣ буд, Дабири кулли СААШ ва Сафири Тоҷикистон бори дигар мавқеъҳои ҷонибҳоро оид ба зарурати анҷом додани ҳамоҳангиҳои лозим дар ин мавзӯи барои кулли минтақа фавқулода муҳим таъкид намуданд.

Мулоқот бо Дабири кулли СААШ

Нигористон

Тақвим