13 июли соли 2024 дар шаҳри Магдебурги Олмон мусобиқаи варзишӣ оид ба аспдавонӣ барои дарёфти ҷоми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Парлумони музофоти федеролии Саксония-Анҳалт ҷаноби Гуннар Шелленбергер, сафирони як қатор кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони васоити ахбори омма дар фазои тантанавӣ баргузор гардид.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон дар ҳамкорӣ бо “German Global Trade Forum Berlin”, шабакаи тиҷоратии Дӯстони Шабакаи соҳибкорони “H4 Racing Club" ва ширкати “Wettstar” ҳамчун сарпарасатони як пойгаи мусобиқа дар масофаи 1300 метр баромад намуда, ба ғолибони пирӯзшуда мукофотҳои пулӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супориданд.
Мусобиқа таҳти шиори “Хуш омадед ба боми ҷаҳон. Тоҷикистонро бубинед, таҷриба кунед ва лаззат баред" баргузор шуда, ба ҳозирин имкон дод, ки дар бораи Тоҷикистон, бахусус иқтидор ва имконоти сайёҳии он бештар маълумот пайдо кунанд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan