Ташрифи ҳайати Иттиҳоди Аврупо

17.07.2024 17:17

17 июли соли 2024 муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насредин муовини мудири департаменти Хадамоти амалиёти берунаи Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкорӣ бо Россия, Шарикии Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва САҲА Люк Девинро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат маҷмӯи масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Инчунин, дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории тавсеаёфта миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо табодули афкор намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan


 

Нигористон

Тақвим