18 июли соли 2024 дар Қасри Императори Ҷопон маросими супоридани Эътимодномаи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Фарҳод Салим ба Императори Ҷопон аълоҳазрат Наруҳито баргузор гардид.
Императори Ҷопон пайғоми самимии хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуда, оид ба масъалаҳои таъғйирёбии иқлим ва паёмадҳои он, ташаббусҳои байналмилалӣ изҳори назар карданд.
Сафири Тоҷикистон дар Ҷопон ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин самт таъкид намуда, аз ҷумла аҳаммияту зарурати ҳамкориҳоро дар доираи ташаббуси навбатӣ “Соли 2025 - Соли байналмилалии пиряхҳо” таъкид карданд.
Аълоҳазрат ба сафир дар иҷрои рисолати дипломатияш ҷиҳати таҳкими муносибатҳои ду кишвар муваффақиятҳо таманно намуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan