19 июли соли 2024 Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат дар мубоҳисаҳои Шӯрои амнияти СММ оид ба мавзӯи “Ҳамкории СММ ва созмонҳои минтақавӣ ва зерминтақавӣ бо мақсади ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалӣ: ҳамкории СММ ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ)” иштирок ва суханронӣ намуд.
Намояндаи доимии кишвар дар СММ зимни суханронии худ изҳор дошт, ки равобити СММ бо СҲШ, ИДМ ва СААД бояд намунаи ҳамкории муассир байни сохторҳои глобалӣ ва минтақавӣ бошад ва ба ин созмонҳои минтақавӣ имкон диҳанд, ки кӯшишҳои СММ ва Шӯрои Амнияти онро барои нигоҳ доштани сулҳ ва амнияти байналмиллалӣ мукаммал созанд.
Инчунин тазаккур дода шуд, ки таҳдиду чолишҳои амниятӣ зарурати тавсеаи ҳамкориҳои СММ ва созмонҳои минтақавии мазкуро тақозо намуда, дар ин замина таҳияи абзорҳои ҳамкории нав дар самти мубориза бо терроризм ва гардиши маводди мухаддир низ муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар фарҷом Ҷонибек Ҳикмат таъкид намуд, ки Тоҷикистон минбаъд низ дар рушди ҳамкориҳои гуногунҷанбаи СҲШ, ИДМ ва СААД бо СММ ҷиҳати ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалӣ саҳм хоҳад гузошт.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan