17 сентябри 2024 дар шаҳри Абу Забӣ мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов бо вазири давлатии Девони вазирони Амороти Муттаҳидаи Араб Аҳмад Алӣ Ал-Сайёғ баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо масоили марбут ба ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабро баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин, ҳамсуҳбатон роҷеъ ба равишҳои таҳкими муносибатҳо баҳри ноилгардӣ ба ҳадаф ва манфиатҳои муштарак дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, амният, заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, илму маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ инчунин обу иқлим табодули назар карданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan