Бузургдошти «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дар шаҳри Москва

11.10.2024 19:15
  •  

10 октябри соли 2024 дар шаҳри Москва бузургдошти «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, Шурои ҷамъиятии назди Сафорат дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва доир шуд.

Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни суханронии ифтитоҳии худ қайд намуд, ки дар Тоҷикистон пиру барно бо «Шоҳнома»-и сухансарои камназир Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, ки арзиши таърихӣ, забонӣ, ҷуғрофӣ ва зебоишиносӣ дорад, шинос ҳастанд ва аксари хонаводаҳо фарзандони худро бар пояи қаҳрамонони ин асар номгузорӣ мекунанд. Инчунин сафир мақом ва манзалати бузурги “Шоҳнома”-ро барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ таъкид намуд. Ёдовар шуд, ки Абулқосим Фирдавсӣ маъруфтарин сухансарои ҳамаи давру замонҳо буда, номи ӯ натанҳо дар таърихи адабиёти тоҷику форс, балки дар таърихи адабиёти ҷаҳонӣ ҷовидон боқӣ мемонад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дастур дод, ки ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодони хеш “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас шавад.

Дар назди ҳозирин, инчунин ректори Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва Ирина Краева суханронӣ кард. И. Краева бо ифтихор дар бораи Маркази забони тоҷикӣ ва фарҳанг, ки дар Донишгоҳ аз соли 2013 фаъолият дорад, гуфта гузашт. Муҳимияти омӯзиши забон ва фарҳанги давлатҳои дӯст ва бародарро, ки шарикии стратегӣ доранд, зикр намуд.

Донишҷӯёни макотиби олии Русия, ки забони тоҷикиро бо шавқу рағбати зиёд аз худ мекунанд, аз эҷодиёти шоир намунаҳои беҳтаринро ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ қироат карданд. Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ва ашъори беҳамтои “Шоҳнома” ба ҳозирин маълумот доданд. Ҳамчунин ба ҳозирин барномаи фарҳангии иборат аз саҳнаи театрикунонидашудаи достони «Рустам ва Суҳроб» аз ашъори пурмазмуни Абулқосим Фирдавсӣ ва рақсҳои мавзуну дилнишин пешкаш гардиданд.

Дар доираи баргузории чорабинии мазкур либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва аксҳои манзараҳои зебои кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол ба намоиш гузошта шуданд.

Дар идомаи чорабинӣ ба меҳмонон филми ҳунарии коргардони маъруфи тоҷик Борис Кимёгаров “Рустам ва Суҳроб” намоиш дода шуд, ки он ба меҳмонон таассуроти рангин ва хотирмон бахшид. Дар охир ба меҳмонон маҷмӯаи филмҳои беҳтарини “Тоҷикфилм” туҳфа гардид, ки хурсандии меҳмононро дучанд намуд.

Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти дахлдори Русия, доираҳои илмиву эҷодӣ, аз ҷумла шоирону нависандагон, олимону муҳаққиқон, устодон ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ, инчунин тоҷикони муқими Федератсияи Русия иштирок намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим